АфғонистонВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

“САРИ ВАКИЛУТ ДАР ҚАВР…” ХОТИРАҲОИ ЯК БОНУИ ЭРОНӢ АЗ 268 РӮЗИ АСОРАТАШ ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН. ҚИСМИ 3

Нашрияи “Шарқ”, чопи Теҳрон, рӯзи 26-уми июни соли 2023 матлабе зери унвони “268 рӯзи асорат дар Тоҷикистон” аз саргузашти талхи як зани сайёҳи эронӣ нақл кард, ки чӣ гуна ҳангоми убури марзи Тоҷикистон дар пайи аз бағочаш ёфтани 6 чӯби хушки бангдона дастгир гардида ва ба 5 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Ӯ ахиран бар пояи бахшоиш (помилование) аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон аз маҳбас озод шуд ва ба Эрон баргашт.

Ҳамин тавр, 16-уми сентябри соли 2022 Моҳрӯя Муҳаммадиева ба ҳайси вакили Алиасғарӣ пазируфта шуд. Моҳе як маротиба ба зӯрӣ ба дидани ӯмеомад. Ва гуфт, ки дигар ба модарат тамос гирифта наметавонам. Дар Эрон интернетро қатъ кардаанд. Барои ман ҳам душвор аст, ҳар дафъа аз Душанбе ба Қӯрғонтеппа омадан. Вале коре кардам, ки судат дертар баргузор гардад.

Нозанин Мутеӣ Алиасғарӣ менависад: Ман гумон мекардам, ки ин кори хуб аст. Вале рӯзе, ки додгоҳ баргузор шуд, ба ман иҷозаи телефонӣ сӯҳбат кардан ба модарамро доданд. Модарам гуфт, ки ба вакили ту бовар надорам. Ӯ аз ман 20 ҳазор доллар хост, то туро озод кунад. Ман гуфтам, ки ин қадар маблағ надорам, вакилат гуфт, ки хонаамро бифурӯшам ва маблағи онро ба ӯ бифиристам. Бо ҳамин аз вакил ҳам дилам монд.

Баъзе аз дӯстони инстаграмиам аз набудам дар ин шабакаи маҷозӣ дар ташвиш шуда ба суроғи ман ба хонаамон мераванд. Вале дар онҷо низ касеро пайдо намекунанд. Ду тан аз дӯстонам, ки дар як курси кӯтоҳмуддате бо ҳам якҷоя хонда будам аз ҳамсояҳо рақами телефони модарамро гирифта бо ӯ дар тамос мешаванд. Модарам қиссаи талхи зиндонӣ шудани маро нақл мекунад. Онҳо зуд ба як дӯсти худ, ки дар Тоҷикистон дар як ширкати барқ кор мекардааст, тамос гирифта, хоҳиш мекунанд, то ба дидори ман равад.

Зиндонбонҳо гуфтанд, ки касе бароят “дачка” овардааст. Ҷавоб додам, ки ман касе инҷо надорам, ки ба ман чизе биёрад. Вақте ба ҳуҷраи вохӯрӣ рафтам, як эрониро дидам ва аз таҳти дилу ҷон гиря кардам. Бари ман ин як мӯъҷиза буд. Ин Ҳомид, яке аз дӯстони ҳамон рафиқони инстаграмиам будааст. Онҳо ӯро ба дидори ман фиристодаанд...”

Ҳомид бо худ чизи зиёде, аз маводи беҳдоштӣ то хӯрокаву пӯшока барои Нозанин оварда буд, ки ҳамааш гаронарзиш ва бо кайфият буд. Ба навиштаи ӯ, қозии додгоҳ пас аз шунидани ин, ки касе ба дидани ман омадааст бо Ҳомид шинос шуда аз ӯ мепурсад, ки хонаводаи Нозанин, яъне падару модари ман, пулдор ва бой ҳастанд?

Нозанин ҳамин тавр панҷ моҳ дар “СИЗО-и Ломоносов” монд. Баъд аз чаҳору ним моҳ аввалин маротиба суди ӯ дар ноҳияи Ҷайҳун, ки ба гуфти мақомоти Тоҷикистон, маҳалли наздиктарин ба макони вуқӯи ҷиноят ва дастгир шудани ин бонуи эронӣ буд, баргузор шуд.

Пеш аз баррасии парвандаи Нозанин додрас Муҳиддинзода ва додситон Атозода парвандаи  як донишҷӯи  покистонии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд, ки ба саргузашти ин блогери эронӣ хеле наздик будааст.

Нозанин менависад: “Ин донишҷӯи бечораи покистонӣ бо номи Эҳтишом Алҳақ барои сарфа кардани маблағ хостааст аз роҳи заминӣ вориди хоки Тоҷикистон шавад ва чиптаи ҳавопаймо нахарида, аз Пешовар ба таври қонунӣ вориди Афғонистон ва аз Афғонистон ба таври қонунӣ вориди хоки Тоҷикистон мешавад. Аммо дар бордони ӯ чойи хушк пайдо мекунанд, ки ӯ аз Афғонистон харида буд ва дар таркиби яке аз савғотиҳои ӯ тиккае аз чӯби хушки кӯкнорро пайдо мекунанд. Дар Афғонистон ин як амри маъмул аст, ки баъзан тухми кӯкнорро чой барин дам мекунанд ва хурду калон менӯшанд ва мегӯянд, гӯё хунукиро рафъ мекунад.

Бо баробари дастгир кардани ин донишҷӯи покистонӣ ҳарду моддаи ба ман рабт доштаро ба ӯ ҳам рабт медиҳанд. Яъне фурӯши маводи мухаддир ва ғайриқонунӣ убур кардани марз. Аммо дарҳол амакашро аз ҳодиса огоҳ мекунад. Амакаш ба онҷо расида 800 доллар ба муфаттиш пора дода, моддаи 200-ро ба моддаи 201, яъне истеъмоли маводи мухаддир тағйир медиҳад. Ва дар рӯзи суд ба судя 4500 доллар ришва дода, ҷиянашро аз толори суд озод мекунад. Ва амаки ин донишҷӯи покистонӣ ин ҳама масхарабозии мансабдорони тоҷикро дида, ҳатто ба ҷиянаш иҷоза намедиҳад, то таҳсили худро дар Тоҷикистон идома бидиҳад ва Эҳтишомро бо худ ба Покистон мебарад”.

Аммо дар мурофиаи Нозанин ҳама чиз дигар хел буд. Ба навиштааш, як тарҷумон оварда буданд, ки аз форсии эронӣ чизе сарфаҳм намерафт. Ҳамчунин шоҳидони воқеӣ низ, ки ҳангоми дастгир шудани ман ҳузур доштанд, ҳозир шуданд. Як марзбон, ки борхалтаҳои ӯро тафтиш карда буд, ҳамон Муҳайё Султонова, ки Нозанин дар марз дар ҳуҷрааш сару рӯяшро шуста буд ва ду ронандаи такси, ки ҳамчун шоҳиди холис ҳузур доштанд.

Кормандони гумрук тасдиқ карданд, ки Нозанин худаш борхалтаи дар китфаш бударо кушода, шохаҳои хушкидаи растании кӯкнорро ба онҳо нишон дод. Як ронанда такси низ гуфт, ки Нозанин он замон гуфта буд, ки мехоҳад ин шохаҳои хушкидаи растании кӯкнорро дар утоқи хоби худ ҳамчун ёдгорӣ аз Афғонистон овезон кунад.

Дар додгоҳи нахустини Нозанин Алиасғарӣ консули Эрон ва дӯсти дӯстони Нозанин Ҳамид, ки ба зиндон хабаргириаш омада буд, низ ҳузур доштанд. Баъд аз суд ба Нозанин иҷоза доданд, то тавассути телефони консул ба модараш сӯҳбат кунад.

Додгоҳи дувуми ӯ як ҳафта пеш аз ҷашни соли нави 2023 баргузор шуд. Додрас моддаи 200-ро ба моддаи 201 иваз кард. Яъне ҳамон коре, ки ба донишҷӯи покистонӣ карда буд.

Нозанин менависад: Баъдан ман фаҳмидам, ки хонаводаи ман баро ин кор ба судя ҳамчун ришва 2500 доллар додаанд, то маро ба 10 сол равонаи зиндон накунад. Додгоҳ ҳукм баровард, ки ман гунаҳкор ҳастам ва маро ба муддати 5 солу 2 моҳ равонаи зиндон кард. Ман аз додрас пурсидам, ки ҷаримаи ҳабс чӣ миқдор аст? Ба ҷои ҳабс мехоҳам ҷарима биспорам. Судя бо ханда ҷавоб дод, ки ҳар чӣ қадаре, ки бошад, 8 ҳазор, 10 ҳазор, 15 ҳазор ва ё 20 ҳазор доллар.  Вакили ман ҳамон Моҳрӯя бо як дастпочагӣ ва саросемагӣ ба ман пешниҳод кард, ки бояд ҳозири ҳозир пулро нақд супорем ва масъаларо дар ҷояш ҳал кунем. Агар ту ҳозир ин пулро надиҳӣ, онҳо гумон мекунанд, ки ту фирор мекунӣ. Ман ҳам дар ҷавоб гуфтам, ки агар ин маблағ пули ҷарима аст, пас бояд ба ҳисоби давлат пардохт кунам, на ба ба таври пули нақд ва он ҳам бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда. Аз ман имзо гирифтанд, ки аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят набарам. Вакили ман ҳам маро мутмаин кард, ки корҳоро худаш ҳал мекунад. Ҳатто хонаводаи маро низ фиреб додааст, ки корҳо хуб пеш рафта истодааст. Яъне тағйирот дар ҳукми судро амалӣ мекунад.

Аммо аввали моҳи феврали соли 2023 замоне ман интизор будам, ки дар ҳукмам тағйироти сурат мегирад, маро ҳамроҳи ду зиндонии дигар, Гулбарг ва Робиа ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол доданд”.

Бино ба нақли Нозанин, пас аз ду ҳафтаи қарантин ӯро вориди бинои асосии зиндони занонаи Норак карданд, ки пештар ҳамчунин девонахона истифода бурда мешуд.

Нозанин таассуроташ аз зиндони занозании Норакро чунин ба қалам овардааст: “Ман 337-ум зиндонӣ будам ва бо заноне, ки бо ҷурми қатл, куштор, терроризм ва экстремизм зиндонӣ шуда буданд нигоҳдорӣ мешудам. Ва аксарияти он занҳо, ки “хатарнок” буданд бояд ҳар ду соат ба як утоқи махсус рафта, аз ҳолати худ хабар дода, дар як дафтар имзо низ мегузоштанд.

Ман бо раиси зиндон сӯҳбат кардам. Маълум шуд, ки аз вилояти Суғд буда, номаш Робиа Бегмуродова будааст. Аз он ки ман бо ӯ бо забони русӣ сӯҳбат кардам, хеле хушҳол шуд. Чун ӯ фикр мекунад, ки касоне ,ки бо забони русӣ ҳарф мезаданд, донишманд ҳастанд. Вақте достони маро шунид, хеле дар ҳайрат афтод ва гуфт, ки “сари вакилут да қавр”.

Бо занони “ДОИШӣ” низ шинос шудам. Аксарият дар Эрон собиқаи зиндагӣ доранд ва босавод низ ҳастанд. Забони русиро хуб медонад ва забони арабиро низ хонда ва навишта метавонанд. Вале буданд заноне, ки танҳо аз Сурия ва ё Ироқ як занги телефонӣ қабул кардаанд ва бо ҳамин террорист ва равонаи зиндон карда шудаанд. Дар умум дар Тоҷикистон касе агар атрофиёнаш дар Ироқ, Сурия ва ё Афғонистон буду боре ба пайвандонаш занг задааст ва ё ягон фикри худро озод баён кардаанд, тамғаи “ифротӣ” ва “террорист” зада, ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд. Аммо қариб ҳамаи онҳо хеле босавод, рафтори хуб ва боадаб буданд. Доим мекӯшанд чизеро ёд бигиранд. Аз ман дарҳол дархост карданд, то забони англисиро ба онҳо ёд диҳам. Аз омӯзиш ҳеҷ гоҳ чизеро дареғ намедоштанд ва пайваста меомӯхтанд”.

Ӯ менависад, барои 4 пояи хушки кӯкнор намехостам 5 соли зиндагиашро дар зиндон гузаронад.

Пас аз дуюним моҳи дар зиндони Норак буданаш, консули Эрон ба дидори Нозанин омад ва хабар дод, ки сафири Эрон дар вохӯрӣ ба муносибати иди Фитр бо раисҷумҳури Тоҷикистон аз қазияи Нозанин Эмомалӣ Раҳмонро огоҳ кардааст ва Эмомалӣ Раҳмон пас аз шунидани қиссаи ин бонуи эронӣ хандааш омадааст ва гуфтааст, як мактуб нависед.  Консул гуфтааст, “барои ҳамин мунтазири хабарҳои хуш бошед”.

Субҳ Диловар Ҳасанов, ваколатдори бахши махсуси зиндон Нозанинро ба ҳуҷраи худ даъват кард ва пурсид, ки мехоҳӣ ба Эрон бифиристем? Ӯ гуфтааст, бале. Ҳасанов як ариза навишт ва хост, ки Нозанин ба он имзо кунад.

Давоми қиссаро Нозанин чунин нақл мекунад: “Аммо ман гуфтам, аввал мехоҳам бо сафоратхонаи Эрон дар тамос шавам. Диловар хеле асабӣ шуд ва гуфт, ки чаро имзо намекунӣ? Раиси зиндон Робиа тарафи маро гирифт. Гуфт, каме пас боз даъват мекунем, дур нарав. Чун байни бинои зиндон ва бинои маъмурият масофаи нисбатан зиёде буд. Дубора баргардониданд, телефонро ба ман доданд. Аз он тараф як нафар пурсид, ки намехоҳӣ ба зиндони Эрон биравӣ? Гуфтам, не ва хости сафорати мо низ ин нест.

Баъд аз ин сӯҳбат Диловар ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон занг зада, телефонро ба ман дод. Консул бо ман сӯҳбат кард ва ман воқеаро ба ӯ гуфтам. Ӯ гуфт, ки агар дархости озодӣ набошад, имзо накун ва ба интиқол ба зиндони Эрон низ розӣ нашав. Ба мо чизи дигар ваъда дода шуда буд.

Аз ин раиси зиндон хеле асабонӣ шуда гуфт, ки чӣ қадар ба хотири ту ба дарди сар афтодем. Аз ин рӯ пас дигар ҳаққи истифодаи телефонро надорӣ ва бо Ҳамид ҳам мулоқот намекунӣ. “Дачка” ҳам қабул намекунем барои ту. Ман гуфтам, намехоҳам бо парвандаи сиёҳ ба ватанам баргардам, мехоҳам озод шавам.

Маро ба зиндон баргардониданд, ҳамаро ба Насиба ва Мавлуда нақл кардам. Онҳо хеле босавод буданд. Гуфтанд, ба маҳбас фиристодани як сайёҳ хеле кори шармовар аст, аз ин рӯ, ҳукумат ҳарчӣ зудтар мехоҳад туро ба Эрон бифиристад. Вазорати адлия низ пас аз он ки сиёсатмадорони кишварат дар байн даромадаанд, мехоҳад аз об хушк барояд ва туро ҳамчун зиндонӣ муаррифӣ кунад. Ба ҳар ҳол, имрӯз то пагоҳ ту озод мешавӣ.

Як рӯз баъд маро садо карданд, ки бо касе мулоқот дорӣ. Гумон кардам, Ҳамид аст. Вале дар онҷо муовини раиси зиндон истода буд. Гуфт, чизу чораатро ҷамъ кун, ту меравӣ аз инҷо. Гуфтам, ба куҷо? Гуфт, дигар ту озодӣ. Ҳеҷ боварам намеомад. Гуфтам, комилан озод ҳастам? Гуфт, либоси махсуси зиндонро иваз кун, корти бонкӣ ва симкорти телефонатро бидеҳ. Ту комилан озодӣ.

Ман ҳеҷ бовариам намеомад, чун дар Тоҷикистон борҳо ва борҳо фиреб дода буданд маро. Аз Шаха, як зиндоние, ки пештар дар “СИЗО-и Ломоносов” дар як ҳуҷра будем ва ӯ низ дар зиндони Норак адои ҳукм мекарду бо маъмурони зиндон муносибат дошт, хоҳиш кардам, то аз тариқи каналҳои худ дақиқ кунад, ки то чӣ андоза хабари озодии ман дуруст аст? Шаха пас аз чанд лаҳзае гуфт, ки ҳукми озодиат аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шудааст.

Бо ҳама хайру хуш кардам, ҳамаро ба оғӯш гирифтам. Чизҳои худро ба онҳо ҳамчун ҳадя тӯҳфа кардам ва дигар занҳо низ баъзе чизҳои худро барои ёдгорӣ ба ман доданд. Бо бародари Малоҳат, ки барои мулоқот ба Норак омада буд, то ба Душанбе бо ҳамроҳии Диловар Ҳасанов, ваколатдори бахши махсуси зиндон, ки маҳбусонро бо ҷаҳони озод мепайвандад, омадам. Ҳамаи корҳои ман бо як суръати тез анҷом ёфт. Ҳуҷҷати озодии маро низ имзо карда, ба дастам доданд.

Аз консул пурсидам, ки метавонам дар Душанбе чанд рӯзе биистам? Ӯ гуфт, бояд зудтар ба Эрон баргардӣ. Бо ҳамон муфаттише, ки маро равони зиндон карда буд, тамос барқарор карда шуд. Аз ӯ хостам, ки борхалтаҳо ва ҳам телефон ва дастгоҳи аксбардории маро баргардонад. Муфаттиш аз ман 50 доллар пул талаб кард. Мебоист ӯ ин корро барвақт ва бепул анҷом медод. Ман мебоист аз маҳбаси занонаи Норак чизу чораи худро мегирифтам. Вақте ки ӯ чизҳои маро овард, ҳатто бо вай салом ҳам накардам…”

Нозанин менависад, ки қасд дошт, аз муфаттиш ва вакил шикоят кунад, вале фурсат надошт. Шабро дар меҳмонхонаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯз кард ва рӯзи дигар, пас аз мулоқот бо сафири Эрон дар Тоҷикистон бо аввалин парвоз Нозанинро аз Душанбе ба Машҳад фиристоданд. Аз Машҳад ӯ ба Рашт, ба пеши падару модараш рафт.

“Ман озод будам, аммо як таҷрибаи ваҳшатнокро аз сар гузаронида будам, ки маро ба як Нозанини дигаре табдил карда буд”, менависад ин бонуи эронӣ дар анҷоми хотироташ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Саҳми як хонуми сайёҳи эронӣ дар ошкор кардани фасоди густурда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бештар аз як оҷонси иттилоотӣ будааст, ба қавли тоҷикҳо “хоки полису прокурору афсару аскари тоҷикро бехт”. Ва Тоҷикистон ҳам собит кард, ки низомаш бадтар аз низоми “толибон” будааст. Гумонам, ин сайёҳи эронӣ то замоне зинда аст, ба Афғонистон “салавот” мефиристад, ба Тоҷикистон “лаънат”!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button