ВидеоКоррупсияТоҷикистонҲодиса

ЛАТТУКӮБИ 3 КОРМАНДИ МИЛИСАИ ИСТАРАВШАН АЗ СӮИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЛАКАТ (ВИДЕО)

9 сокини деҳаи Лакат дар канори шаҳри Истаравшан, аз ҷумла мудири мактаби ин деҳа, бо иттиҳоми латтукӯби кормандони милиса дастгир шудаанд.  Ба зидди 18 сокини дигари Лакат бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаҳои маъмурӣ кушодаанд.

Худи дастгиршудагон ва наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар шумораи навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, ки рӯзи 2 июли соли 2023 нашр шуд, гуфт, ин 9 сокини Лакат санаи 31 майи соли ҷорӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ба 3 корманди милисаи шаҳри Истаравшан ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиашон дарафтодаанд.

Акбар Шарифӣ ба ҷуз инки ин се корманди милиса “барои санҷиши маълумоти фаврии ба самти хидматӣ вобастабуда” ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Лакат рафта буданд, дар бораи сабаби ба онҷо рафтани кормандони мақомот тафсилоти дигар надод. Акбар Шарифӣ гуфт, “гумонбаршудаҳои он замон мағруру ҳоло паршикаста” бо вуҷуди онки кормандони милиса дар тан либоси хидматӣ доштанду худро муаррифӣ карданд ва ҳолати кор, яъне бо чӣ мақсад ба инҷо омадани худро фаҳмондаанд, онҳоро таҳти латтукӯб қарор дода, муқобилияти ҷисмонӣ нишон додаанд ва ба милисаҳо дар роҳи иҷрои вазифаашон мамониат эҷод кардаанд.

Аз ҷумла мудири мактаби деҳаи Лакат Исфандиёр Урунбоев, соли таваллудаш 1989, ба он айбдор мешавад, ки ба ҷои халос кардани кормандони милиса аз дасти ҳамдеҳагони худ, баракс бо мошин роҳро баста, пеши роҳи фирори кормандони милисаро гирифтааст.

Яке аз дастгиршудагон дар баёноташ мегӯяд, ки рӯзи занозанӣ раиси маҳалла ва вакили деҳа низ дар ҷои ҳодиса буданд, вале касе милисаҳоро халос накард, балки “Занед!” гуфтаанд.

Як дастгиршудаи дигар гуфт, касе аз онҳо он рӯз маст набуд. “Дидам, ки ҷанг шуд, мо ҳам қӯш шудем”, – кӯтоҳ нақл кард ин сокини Лакат.

Ба зидди ин 9 сокини Лакат бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ (моддаи 237), истифодаи зӯроварӣ ва таҳқири намояндаи давлат (моддаҳои 328 ва 330) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба муттаҳамон, ки синнашон аз 28 то 63 будааст, бар асоси ин бандҳои қонун барои авбошӣ то 7 соли зиндон ва барои латтукӯби кормандони милиса то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон мавридҳои ба кормандони мақомот дарафтодани сокинон хеле ангуштшумор аст ва сабаби чунин бархӯрди хушунатомези сокинони Лакат нисбат ба ин се милиса ва он ҳам бо ташвиқ ва пуштибонии ба истилоҳ “калоншавандаҳои деҳа” норӯшан боқӣ мемонад. Мақомот сабаби ҳамон рӯзи 31 май ба Лакат омадани кормандони милисаро низ ошкор накардаанд. Аммо ба муноқиша ҳамроҳ шудани калонҳои деҳа фарзияи мақомот дар бораи гӯё “барои санҷиши маълумоти фаврии ба самти хидматӣ вобастабуда” ба Лакат омадани се милисаи латтукӯбшударо зери шубҳа қарор медиҳад.

Лакат беш аз 6 ҳазор аҳолӣ дошта, ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол (то соли 2012 – Коммунизм) шомил мешавад ва дар масофаи тақрибан 8 километр аз шаҳри Истаравшан ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button