МуҳоҷиронЧеҳраҳо

70 СОЛИ НАСИБҶОНИ АМОНӢ – ТОҶИКИ АСИЛ ВА ТИМСОЛИ ФУТУВАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ

Агар тоҷик садҳо чун Амонӣ ҷоннисоре дошт,

Ғуруре, ғайрате, рӯҳи баланду ифтихоре дошт,

Куҷо як аҷнабӣ ангушти даъво сӯи мо мекард,

Тамоми Тоҷикистон пеши дунё эътиборе дошт!

                              Азиз Сангин

Рӯзи 1 июли соли 2023 Насибҷони Амонӣ, журналисти шинохтаи тоҷик ба синни мубораки 70 расиданд. Устод Насибҷони Амонӣ нафарест, ки ҳар касе ки шарафи дидор ва суҳбати ӯро дошт, ҳамеша ва танҳо ба некӣ ёдаш мекунад. Ӯ аз зумраи инсонҳоест, ки ба қавли мардум, дар умри худ мӯреро озор надодааст, вале хубиаш ба ҳазорон нафар расидааст.  Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки Насибҷони Амониро низ овораи мулки ғурбат кард, ӯ кӯшиш мекард, то ба мардуми муҳтоҷу ниёзманд, бахусус ба равшанфикрон: шоирон, адибон, олимон ва ҳамкасбони журналисти худ дасти ёрӣ дароз кунад. Вақтҳое буд, ки охирин буридаи нонашро мебароварду на инки тақсим мекард, балки ба дигарон медод.

Насибҷони Амонӣ, ки собиқаи журналистиашро аз нашрияҳои “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” сар карда, дар рост кардани қалами садҳо нафаре, ки баъди ба камол расидан аз сутунҳои журналистикаи тоҷик шудаанд, дасти кумаки худро дареғ надоштааст ва ин аст, ки хайли бузурге аз журналистон ӯро устоди худ мешуморанд. Аммо бузургтарин ҳангомае, ки Насибҷони Амонӣ дар журналистикаи тоҷик ба по кард, ҳафтаномаи “Сухан”, нашрияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, ки соли 1990 ба дунё омад ва ба ҳайси нахустин сардабираш  раҳбари вақти ИЖТ Отахон Латифӣ Насибҷон Амониро баргузид. Ва хато накард: Насибҷони Амонӣ аз “Сухан”, аз як нашрияи ба қавле соҳавӣ, нашрияи мардумие сохт, ки ҳар шумораашро даҳҳо ҳазор нафар бесаброна интизорӣ мекашиданд, 100 ҳазор нусхааш дар байни як ё ду соат батамом ба фурӯш мерафт.

Дар ниҳоят, ҳамин “Сухан” боис шуд, ки Насибҷони Амонӣ дар пайи сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷомаи мусофират ба тан кунад ва ба Қазоқистон паноҳ бибарад ва барои як, ё панҷ, ё даҳ сол не, балки инак беш аз 30 сол боз ба қавле “бачаи АлмаАто” шавад.

Албатта, ҳатто дар мулки мусофират низ Насибҷони Амонӣ “ором” нест. Дар ҳар баҳсе, ки бар асари арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои мардуми тоҷик бармехезад, садояш аз АлмаАто баланд ба гӯшҳо мерасад, аз ҳамон ҷо истода Анҷумани оҳангарони тоҷикро таъсис додааст ва аз наберагонаш шоҳмотбозони ҳирфаие тарбия кардааст, ки алакай дар арсаи байналмилалӣ бо шоҳмотбозони қавии минтақа қувваозмоӣ мекунанд. Аз ангуштшумор тоҷикҳоест, ки ҳарфи маҳал барояш бегона аст ва агар сӯхт, барои Тоҷик месӯзад, агар сохт, барои Тоҷик месозад!

Аммо фикр накунам, ки бо вуҷуди ин ҳама солиёне, ки дар ғурбат, дур аз Ватан ва дур аз дӯстону хешу табор ва аз мардуми худ сипарӣ шуд,  Устод аз роҳе, ки дар зиндагӣ интихоб кард, аз ҷумла аз сохтани нашрияи “Сухан” ва инқилобе ки он ба по кард, пушаймон шуда бошад. Ҳатман мутмаин аст, ки агар имрӯз не, пас фардо ба қадри заҳматҳои ӯ хоҳанд расид ва ба хидматҳояш арҷ хоҳанд гузошт.

Марраи 70 муборак, Устод! Ба пеш, ба сӯи марраи 100!

Абдуқодир Рустам 

Дар ин рӯзи саид дӯсти азизу арҷманди мо Насибҷон Амонӣ ба синни мубораки 70 даромаданд…… Аслан, нек биандешем, 70-у 80-у 100 сол ба худии худ маъное надоранд, муҳтаво надоранд, солҳоро бояд бо зиндагии инсонҳо санҷид….. Аз ин лиҳоз зарфи умри 70-солаи Амонӣ пурбору пурмуҳтавост, ҳар рӯзаш маънӣ дорад, ҳар солаш мамлу аз муҳтавост, ва маъною муҳтавояш вафо асту садоқат, ҷавонмардӣ асту исор, покӣ аст сафедӣ…… Бист сол пеш навишта будам, ки дар синаи ин марди панҷоҳсола дили кӯдаки ҳафтсола метапад, ҳамчунон содаю беолоиш ва чун худаш дар қалб кинаю бухл надорад, гумон мекунад, дигарон низ чунинанд ва ё ҳадди ақалл чунин бояд бошанд….. Ва аз ин итминони поки тифлона басо фиреб ҳам хӯрдаву зарбаҳо ҳам дидааст…. Ҳанӯз ҳам, ки дӯстамон ҳафтодсола шуданд, ба ин бовар устуворам…. Насибҷон марди ҳафтодсолаест бо дили бузурги тифлона! Ҳафтодумин соли умр, ҳафтод соли пурбаракат, ҳафтод соли некӣ, хайрхоҳӣ, самимияту садоқат, ҷавонмардӣ хуҷаста бод…… Некӣ ҳар андоза, ки бошад, зиёд нест….. Орзу мекунем 70 дигарро ба ҳамроҳ дошта бошед! Зодрӯз ва 70-солагӣ барои ҳамаамон муборак!

Aзиз Сангин

 

ТОҶИКИ ГАРДАНКАШУ ЛАШКАРШИКАН

(Дар зодрӯзи родмарди ростини Растохез НАСИБҶОНИ АМОНӢ)

Агар тоҷик садҳо чун Амонӣ ҷоннисоре дошт,

Ғуруре, ғайрате, рӯҳи баланду ифтихоре дошт,

Куҷо як аҷнабӣ ангушти даъво сӯи мо мекард,

Тамоми Тоҷикистон пеши дунё эътиборе дошт!

Зодрӯзатон хуҷаста бод, бародари арҷмандам, Насибҷон Амонӣ!

Koмилзода Аҳмадшоҳ

Насибҷон Амонӣ – ин номро, ҳар касе бо муборизаи истиқлолхоҳиву демокаратӣ ошност, медонад. Насибҷон барои ҳар масъалаи хурду резаи миллӣ, ҳар нияту ормони фарҳангу забони миллат талош мекунад, Насибҷоне, ки ҷони одам аст, пурмуҳаббат, хеле самимӣ ва рафиқи дардошнову қадршинос. Борҳо шунидаам, ки дар кишварҳои бегона барои ёрӣ ба ҳамватанон садҳо километр рафтаву ба мушкилоти корҷӯёни бепуштупаноҳ дасти ёрӣ дароз кардааст, барои ҳалли мушкилоти онҳо дари даҳҳо ташкилотро куфтааст.

Ӯ пуштибони беғарази ормонҳои миллӣ, рушду такомули забони миллат, ҳамоиши мардуми форсигӯ аст. Дар ин роҳ корҳои арзишманд ва мондагор сомон додааст.

Умри бародари меҳрпарвар, шахсияти арзишманди миллӣ ва муборизи ормонҳои миллат – Насибҷони Амонӣ дарозу бегазанд бод.

Зодрӯз хуҷаста бод!

Tилав Расулзода

Ба номи Худо! Хештаншинос! Чанд сатру ҳарфи пареш ба ифтихори зодрӯзи бародаре, ки дӯст ва дӯсте, ки бародар аст!Имрӯз бародардӯсти ману мо Насибҷон Амонӣ ба синни мубораки ҳафтод қадам ниҳоданд! Ин рӯзи нағзу соли нағзу бахти нағзро барои ин инсони хушбахту хуштолеъ аз номи худам ва ба намояндагӣ аз ҷумла дӯстону ҳамкешону ҳамрешагон муборакбод мегӯям ва барояшон аз эзиди якто таманнои бақои у мри бобаракаташонро дорам. Ҷашни Насибҷон Амонӣ ҷашни ҳамагонист. Зеро ки барои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешиносанд, суруру шодмонии ӯ барояшон боъиси суруру шодмонист. Барои ман Насибҷон Амонӣ болотар ва муқаддамтар аз бародару устод ҳастанд. Он кас дар роҳи ноҳамвору пур аз шебу фарозу пуртазоди зиндагиям ҳамеша раҳнамову дастгирам буданду ҳастанд. Ман ишонро беш аз 55 сол аст, ки мешиносам ва худро аз ҷумлаи додар, шогирд, ҳамандешашон мешуморам.Соли 1972 ман дар синфи шаш мехондам. Дар толори варзишии мактабамон мулоқоти толибилмон бо донишҷӯён-хатмкардагони мактаб баргузор гардид. Миёни онҳо Насибҷон Амонӣ низ буданд. Сатҳи суханронишон аз дигар суханкардагон комилан тафовут дошт ва як-ду зина баланд буд. Ҳамон рӯз дар дили кӯчаки ман оташи меҳру муҳаббати хабарнигорӣ фурӯзон гашт ва ман дар зери таъсири он мулоқот нахустин хабару лавҳаҳои хешро дар ҷаридаҳо “Шӯҳрати Ашт” ва “Ҳақиқати Ленинобод( “Ҳақиқати Суғд”-и кунунӣ) яке паси дигар ба табъ мерасонидам. Ман орзу доштам,ки ба риштаи шарқшиносии Донишгоҳи Санкт -Петербург шомил шавам. Вале бинобар ҷафоҳои рӯзгор, бекасию ятимӣ, бемуттакоӣ он орзуям чун оҳу ҳасрати ҷавонӣ дар осмон муаллақ монд. Ман ба Душанбе рафтам ҳуҷҷатҳоямро барои шомил шудан ба факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супоридам. Насибҷон Амонӣ ба ҳангоми довталабӣ ва донишҷӯиям ҳамеша маслиҳатгару пуштибонам буданд. Ва ин хислати некашон то кунун пойбарҷост.Тайи ин панҷоҳу панҷ сол ман дар симои Насибҷон Амонӣ як шахси дар аҳди дӯстию рафоқат устувору содиқро дидаму бишнохтам ва касеро чун ӯ надидаам,ки то ба ин паймона барои дӯстону ҳамандешону ҳамдилон фидокору ҷоннисор бошад. Амонӣ ҳамеша аз пайи мурувват бо ҳамсинфон, устодони даврони мактабию донишгоҳӣ, ҳамсабақон, ҳамсоягон, ҳаммаҳаллагиҳо, ҳамшаҳриёну дӯстон буданду ҳастанд. Барояшон синну сол, мазҳаб, зодгоҳ, андешаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоии онҳо ҳеч аҳамият надорад. Муҳим одамгарӣ ва худшиносии ӯст.Насибҷон Амонӣ тақрибан сӣ сол аст, ки муҳоҷиранд ва бештар дар шаҳри Алматии кишвари Қазоқистон ба сар мебаранд. Манзили зисташон меодгоҳу сарпаноҳи ҳама ҳамшаҳриёнест, ки бо коре ба ин кишвар сар мезананд. Насибҷон Амонӣ дар кишварҳои Қазоқистону Қирғизистону Ӯзбакистон ҳамеша аз пайи дарёфти аҳволи тоҷикони бедордили бумию муҳоҷири тоҷик ҳастанд. Пайваста аз аҳволи Устод , профессор Сафар Абдулло, Барзу Абдураззоқов, Қодири Мурувват, Сиёвуш, Матлубаи Меҳр, Мирасрори Фарғонӣ, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа ва даҳҳо тани дигар аз тоҷикони ин кишварҳо ва Хуросону Эрон хабар мегиранд. Вақте ба Душанбе омаданд ба дидори дӯстонашон Наҷмиддини Шоҳинбод, Қодири Рустам, Суҳроби Зиё, Қиронбек Шарифзода ва даҳҳо тани дигар мешитобанд. Насибҷон Амонӣ ҳамсабақ ва дӯсти худобиёмурз Имомназари Холназар ҳастанд ва ин дӯстишон то кунун бо аҳли хонаводаи эшон таври устувор идома дорад. Бояд бигӯям, ки Насибҷон Амонӣ хислати инсондӯстии хешро ба ҳамсари меҳрабонашон Мавҷуда Амонӣ интиқол додаанд. Пеш аз ба Ватан баргаштан онҳо дар китобчае ному шумораи телфони ҳамроҳи тамоми нафаронеро, ки бояд аз аҳволашон хабар бигиранд, сабт карда, бо тартиб ба дидорашон мешитобанд. Ҳатман савғое бо худ мебаранд. Насибҷон Амонӣ дар рӯзҳои шодӣ ва мусибати дӯстон ҳамеша дар канорашон ҳастанд. Садоқат дар дӯстию рафоқат, одамгарӣ, башардӯстӣ, саховатмандӣ, дасти ниёзмандону муҳтоҷон бигрифтан барои аҳли хонадони Амонӣ ниҳодина шудааст. Вақте ба эшон занг зада , барои ширкат дар ягон маҳфил даъват мекунам, зуд аз Алматӣ бархеста, худро ба Тоҷикистон мерасонанд. Соли 2003 хоҳарбузургам Сангиннисо, ки ҳамсинфи Амонӣ ба шумор мерафт, бемор шуд. Пизишкҳо барояш барои тадовӣ дар яке аз бемористонҳои кишвари Қирғистистон роҳхат доданд. Фасли зимистон буд. Зимистони он сол дар Бишкек хеле сард буд. Одам бе зарурат аз хонааш ба кӯча берун намешуд. Амонӣ аз мо дар фурудгоҳи “Манас”-и Бишкек истиқбол намуда, ду ҳафта дар як хонаи иҷора бо мо якҷо зистанд. Тайи ду ҳафта меҳмондори мо буданд. Вақти бозгашт ба Алматӣ ба хоҳарбузургам чун барги сабз як дона магнитофони дастӣ бо чанд кассетаи таронаҳои овозхонҳои эронитабор туҳфа карданд. Насибҷон Амонӣ беш аз ним аср умри азизи хешро дар роҳи хештаншиносӣ, тоҷикшиносӣ, форсишиносӣ, меҳаншиносию меҳанпарастӣ, бо ҳам якдасту якпорча кардани тоҷикони чаҳор сӯйи олам сарф карданд. Дар роҳи ҳақ талош бинмуданд. Бидуни интизори кадом як подошу мукофоте аз касе, созмоне, бунёде, кишваре ва кишвардоре. Бидуни муболиға , бидуни шакку тардид бояд бигӯям, ки аввал бо фазли Худо, дуввум тавассути талошҳои Насибҷон Амонӣ худобиёмурз, меъмори истиқлоли Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор вакили мардумӣ интихоб шуданд. Насибҷон Амонӣ дар роҳи ҳақи хеш пеши по бисёр хӯрда, борҳо дучори харсангҳои бесару бедилу беруҳ шуда, ҷабру азобҳои бисёреро мутаҳаммил шуда, вале нанолидаанд. Як нафар собиқ аз соҳибмансабон боре дар як ҳамоиши мардумӣ Амониро таъна зад, ки “пул надорӣ, гапат намегузарад!” Ин дар ҳолест, ки ин кӯрнамак борҳо нону намаки Амониро хӯрда буд!Амонӣ дар муаррифии диёри Ашт пеши мардумони дунё пайваста заҳмат мекашанд. Бо саъю талош ва шарофати он кас ва дигар меҳанпарастони ноҳия ҳар сол дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт Анҷумани байналмилалии оҳангарон, Иди Наврӯз дар сатҳу пояи нисбатан баланду хотирмон баргузор мегардад. Насибҷон Амонӣ ҳарчанд писари як шахси рӯҳонӣ ҳастанд, чандон шахси мазҳабӣ нестанд. Бештар ба деҳгонӣ дилбастагии зиёд доранд. Зеро устухонашон бо нони деҳгонӣ сахт шудааст.Амонӣ ва аҳли хонадонашон миёни мардуми бумии кишвари зисти кунунишон- Қазоқистон аз эҳтиром ва маҳбубияти вижае бархурдоранд. Бо забони мардуми маҳал-қазоқӣ хуб балад ҳастанд. Аз меваи дарахтони боғе, ки дар назди бинои зисташон бунёд кардаанд, ҳамасола садҳо нафар коми хеш ширин мекунанд. Садҳо қазоқҳо маҳз ба хотири эҳтиром ба ӯ ва аҳли хонаводаи тифоқашон забони форсии моро азбар кардаанд. Агар некиҳои Амониро, ки дар ҳаққи ман ва аҳли хонаводаи мо кардаанд, баршуморам, тамоми варақҳои сафеди дунё барои навиштани онҳо камӣ мекунанд. Фақат мегӯям, ки агар аз мо нарасад, аҷраш аз Худо бирасад. Як бори дигар ако, бародардӯстам Насибҷон Амониро ба ифтихори ҷашни зодрӯзашон табрику шодбош гуфта, барояшон аз Худо тамоми шодиҳо, хурсандиҳо, хушрӯзиҳо, хушкомиҳо ва лаззатҳои дунёро таманно дорам. То дунё ҳаст, муваффақ, сарбаланд, сарсабз бошеду асло каму ғамро набинед!Худо ёру ёвартон!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Насибҷон шахсиятест бароям намунаи ибрату меъёр дар шинохти камолот, вақте сухан аз беҳтарин хислатҳои ҳамида аст, ки дар сиришти як инсон тавонанд падид биоянд. Ва аз зумраи нафарони ангуштшуморест, ки дар арсаи талош ба хотири манофеъи мардуму арзишҳои милливу ватанӣ, бо вуҷуди ҳаводису моҷароҳои сиёсии фоҷеъабору хатарзо садоқаташон ба арзишҳои волои ахлоқиро ҳатто бо зарратарин шубҳаву гумон олӯда накардаанд. Аз ин ҷост, бидуни ҳама гуна муболиға, бо такя ба ҳуқуқе, ки солдориву таҷрибаи зиндагӣ додааст, қотеъона метавонам изҳор бикунам: бароям агар вожаи “Идеал” ифодаи инфиродие дорад, ин фард Насибҷон аст! Замоне буд иттифоқ уфтод дасташро бифушураму аз сӯҳбату ҳузураш ҳаловат бибарам. Ва ин фурсату имконро бароям то нафас дигар боқист, сарват медонам. Бале, “Ёд бод он рӯзгорон ёд бод”… Ҷашни мавлуду камолоти ин гуна афрод вобаста ба ҳамон меҳвари вуҷудашон аслан бояд аз лиҳози ҷомеъадориву раъиятпарварӣ шакл бигираду муаррифӣ шавад. Аз ин ҷост мегӯям: ин ҷашни марбут ба шахисяти Насибҷон мардуми баору баномусу соҳибақлу соҳибхирадро муборак бод! Абуалии Синои бузургвор аз забони Бузургмеҳр дар “Пирӯзинома”-аш мегӯяд аз Худованд ин се неъматро бояд ҷуст: тансиҳативу эминиву тавоноиро. Барои Насибҷон орзӯи ҳаминҳоро дорам. Ва Худое шавад мардум бифаҳмад, ки яке аз шартҳои худшиносӣ қадршиносист дар ҳаққи ин гуна афрод – қадршиносие, ки ҳосилаш тарбия аст, ифтихор аст ва аз ҳама муҳим – ибрат аст…

  2. Бале нашрияи “Сухан” мисли пахподхои имруза дар фазои иттилооти пайдо шуда бо харчи кам рисолати мухимеро адо мекард.Ман ба назди устодам шодравон Саъдуллохи Мусо ки котиби масъули ин нашрия буданд зуд зуд мерафтам ва вокиан худро дар утоки аввали журналистони точик тасаввур мекардам.Хатто ба журналисти он замон машхуртарин Додочони Атоулло махз акои Насибчон мизи кориро барои кумак ба офиси Чароги руз доданд ва ману хамрохи дустам бо илтимоси Додочон Атоулло аз офиси Сухан ки да кабати дуюми як бинои чуби чойгир буд бо душвори фароварда будем.Шукри худо ки акои Насибчон давоми умри худро дар мусофират гузарониданд вагарна дар ватан ё чисман ё рухан абгор мешуданд.Зеро дарёи пурчушу хуруш дар мачрои танг намегунчад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button