ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ХУҶАНД СУПЕРМАРКЕТИ “АМИД” БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Шаби 30 июн ба 1 июли соли 2023, тақрибан соати 23:50,  дар супермаркети “Амид”  дар касаба ё микрорайони 13-уми шаҳри Хуҷанд сӯхтор ба амал омад. “Амид” яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сармуҳандиси қисми сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории русии “Спутник-Тоҷикистон” хабар дод, ки баробари ворид шудани занги хатар ба ҷойи ҳодиса 12 адад мошинҳои сӯхторнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон сафарбар карда давоми ду соат охирин алангаи сӯхторро хомӯш намуданд.”

Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор беш аз 400 метри мураббаъро фаро гирифта буд ва дар натиҷаи ин офат, як миқдор маҳсулоти фурӯшгоҳи “Амид” ба коми оташ рафт, вале хушбахтона, касе аз кормандон ва харидорон осеб надидааст.

Супермаркети “Амид” дар касабаи 13-уми шаҳри Хуҷанд чанд сол пеш боз шуда, шабонарӯзӣ кор мекард. “Амид” яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳо дар Хуҷанд ба шумор меравад ва бо иқдомҳои хайрияи худ, аз ҷумла бо гӯшаи нони бепул барои мардуми муҳтоҷ ном бароварда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button