ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

МАРДЕ, КИ ДАР ФУРУДГОҲИ КИШИНЁВ ДУ КАСРО КУШТ, ДАР РАБУДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК” ДАСТ ДОШТААСТ

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 июли соли 2023 бо нашри як изҳороти вижа хабар дод, ки нафаре, ки шоми 30 июн дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова ду нафарро кушт,  Ашуров Рустам Каримович, санаи таваллудаш 25 марти 1980, сокини шаҳри Душанбе буда,  дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” даст дошт ва мехост аз тариқи Молдова ба Аврупо фирор кунад. Расонаҳои Молдова хабар доданд, ки Рустам Ашуров тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Бархе расонаҳо ӯро аз ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер”  низ ном мебаранд. Аммо додситонии кулли Тоҷикистон ӯро танҳо узви “гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда, дар бораи собиқааш дар ЧВК “Вагнер” чизе нагуфтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, Шуҳрат Исматуллоев шаби 23 июни соли 2023, соати 22:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шуд. Бо гузашти беш аз як ҳафта то ҳол ягон изи ин бонкдори маъруфро пайдо накардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки ғаввосонаш изи Исматуллоев ва устоди низ нопадидшудаи Донишгоҳи тиҷорат Исмоилҷон Раҳмоновро чанд рӯз боз дар дарёи Зарафшон ҷуста истодаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, дар рафти тафтиши парвандаи рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев муайян карда шуд, ки яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Рустам Каримович, санаи таваллудаш 25 марти 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, баъди содир намудани ҷинояти мазкур тавассути Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Ҷумҳурии Молдова парвоз намудааст.

Вале “ҳангоми убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ва ҳаракати дастгир намудани ӯ, номбурда таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Ашуров Р.К. ярадор ва дастгир шудааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноятии вобаста ба рабудани Шуҳрат Исматуллоев идома дорад.

Мақомоти Молдова қаблан хабар доданд, ки як марди 43-солае, ки аз Туркия ба Кишинёв омада буд ва дар хатти марзи фурудгоҳ шиносномаи Тоҷикистонро нишон дод, баъди “ба сабабҳои амниятӣ” рад шудани дархости вурудаш ба Молдова туфангчаи як афсари марзбонро кашида гирифта, ин афсар ва як ходими хадамоти амнияти фурудгоҳро паронда, ҷо ба ҷо куштааст.  Ин ду нафар баъди манъи вуруди ин мусофир ба қаламрави Молдова ӯро ба минтақаи дохили фурудгоҳ мебурданд, то ки баъдан аз ин кишвар бозпас ба Туркия бифиристанд. Дар ин ҳодиса як мусофир ҳам тасодуфан тир хӯрдааст.

Нирӯҳои вижаи Молдова ба ҷои ҳодиса омада, тирандозро захмӣ ва дастгир кардаанд.  Ион Мунтяну, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова гуфт, ки ӯ дар бемористон таҳти ҳифозат қарор дорад, вале табибон вазъашро вазнин мехонанд. Ба Рустам Ашуров барои куштори ду нафар тибқи қонунҳои Молдова ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Молдова яке аз 15 кишвари собиқи СССР аст, ки соли 1991 дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ касби истиқлол кард. Дар Молдова наздики 3 миллион нафар ба сар мебаранд, ки беш аз 90 фоизи аҳолиаш масеҳиёни православианд. Молдова бо Руминия ва Украина ҳаммарз буда, аксари аҳолияш бо гӯиши молдовании забони руминӣ ҳарф мезананд.

Соли 1992 ҷудоиталабони русзабон як қисми Молдоваро аз он ҷудо карда, ба ном “Ҷумҳурии Приднестровйе” ташкил карданд, ки инак беш аз 30 сол боз хориҷ аз назорати ҳукумати марказии Молдова қарор дорад. Бовар меравад, ки ҷудоиталабони Приднестровйе аз тарафи Русия ҳимоят ва пуштибонӣ мешаванд.

Рустам Ашуров дар фурудгоҳи Кишинёв

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button