ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодиса

ФАВРӢ! ЯК МУСОФИР БО ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ ДАР ФУРУДГОҲИ КИШИНЁВ ДУ НАФАРРО КУШТ (ВИДЕО)

Шоми 30 июни соли 2023 дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова як мусофири 43-солае, ки аз Туркия омада буд ва дар хатти марз шиносномаи Тоҷикистонро нишон додааст, баъди рад шудани дархости вурудаш ба Молдова туфангчаи як афсари марзбонро кашида гирифта, ин афсар ва як ходими хадамоти амнияти фурудгоҳро паронда, ҷо ба ҷо куштааст.  Ин ду нафар баъди манъи вуруди ин мусофир ба қаламрави Молдова ӯро ба минтақаи дохили фурудгоҳ мебурданд, то ки баъдан аз ин кишвар бозпас фиристанд.

Дар ин ҳодиса як мусофир ҳам тасодуфан тир хӯрдааст.

Нирӯҳои вижаи Молдова ба ҷои ҳодиса омада, тирандозро захмӣ ва дастгир кардаанд.  Ион Мунтяну, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова гуфт, ки ӯ дар бемористон таҳти ҳифозат қарор дорад, вале табибон вазъашро вазнин мехонанд.

Сарвазири Молдова Дорин Речан дар саҳифааш дар Фейсбук қотилро шаҳрванди Тоҷикистон номид, вале вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳаӯз шаҳрвандии ӯро тасдиқ карда наметавонанд ва тавассути сафорати Тоҷикистон дар Киев, ки умури Молдова низ ба масъулиятҳои ҳамин сафорат шомил мешавад, аз ҷониби Молдова дар бораи шахсияти тирандоз маълумоти бештар дархост кардаанд.

 “Дар фурудгоҳ ҳодисаи ҷиддии марбут ба амният рух дод. Ба шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон ба далелҳои амниятӣ иҷозати вуруд ба қаламрави Молдова надоданд. Вақтеро ӯро барои бозпас фиристодан ба минтақаи дохили фурудгоҳ гусел мекарданд ӯ аз туфангчае, ки аз корманди пулиси марзбонӣ кашида гирифт, ин марзбон ва корманди хадамоти амнияти фурудгоҳро паронд”, – навиштааст Речан.

Ион Мунтяну, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова изҳор дошт, ки “тибқи қонунҳои Молдова ба ӯ барои ҷинояти содиркардааш, яъне куштори ду нафар, ҳукми зиндони абад таҳдид мекунад”.

Дар бораи шахсияти тирандоз маълумоти зиёде нашр нашудааст. Фақат маълум аст, ки ӯ аз Туркия ба Кишинёв омада буд ва дар хатти марз шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро нишон дод. Бархе расонаҳо бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ хабар доданд, ки ӯ дар асл шаҳрванди Русия ва аз ҷангҷӯёни ширкати ҳарбии хусусии ЧВК “Вагнер” будааст. Вале иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова  гуфт, онҳо ҳанӯз ин маълумотро тасдиқ карда наметавонанд.

Ион Мунтяну гуфт:  “Дар ҷараёни тафтиш дар марз ҳангоми муайян кардани мақсади сафараш ба Молдова ин шаҳрванди Тоҷикистон пархошҷӯёна рафтор кардааст. Тафтиши парвандаро пулс ва додситонии Кишинёв пеш мебаранд ва сухан дар бораи амали террористӣ меравад. Тафтишот фарзияи ба ин ҷиноят даст доштани афроди дигарро низ таҳқиқ мекунад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи узви ягон гуруҳи ҳарбӣ ё ҷиноӣ будани тирандоз маълумоте надоранд”.

Раисиҷумҳури Молдова Майя Санду ба наздикони кушташудаҳо изҳори ҳамдардӣ кард. “Ҳамдардии самимии худро ба хонаводаҳо ва наздикони кушташудагон баён медорем. Аз даст додани азизонашон барои ин хонаводаҳо мусибат ва дарди азим аст. Ин як рӯзи хеле пурандӯҳе барои ҳамаи мо буд”, – навиштааст хонум Санду дар Фейсбук.

Молдова яке аз 15 кишвари собиқи СССР аст, ки соли 1991 дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ касби истиқлол кард. Дар Молдова наздики 3 миллион нафар ба сар мебаранд, ки беш аз 90 фоизи аҳолиаш масеҳиёни православианд. Молдова бо Руминия ва Украина ҳаммарз буда, аксари аҳолияш бо гӯиши молдовании забони руминӣ ҳарф мезананд.

Соли 1992 ҷудоиталабони русзабон як қисми Молдоваро аз он ҷудо карда, ба ном “Ҷумҳурии Приднестровйе” ташкил карданд, ки инак беш аз 30 сол боз хориҷ аз назорати ҳукумати марказии Молдова қарор дорад. Бовар меравад, ки ҷудоиталабони Приднестровйе аз тарафи Русия ҳимоят ва пуштибонӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button