ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ ДУЗДӢ ДАР ХУРОСОНУ ФАЙЗОБОД ВА СОҲИЛИ “БАҲРИ ТОҶИК” ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР ИСТАРАВШАН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30.06.2023

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2023, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо ашёи рӯзгорашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 46 ҳазору 930 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир када шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 26-уми июни соли 2023, тахминан соати 14:40-дақиқа, ҳангоми дар маркази хизматрасонии «Обшорон», воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷевони либосивазкунак, ки ба ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рашт тааллуқ дорад, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон Х-10»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 17-уми июни соли 2023, ҳангоми дар соҳили “Баҳри тоҷик”, воқеъ дар минтақаи осоишгоҳи шаҳри Гулистон қарор доштанаш аз ҷайби ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А32» ва 700 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди қаллоб

123

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан 12-уми июни соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ бо баҳонаи сафар намудан ба ҳаҷи фарзӣ маблағи 133 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button