ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ЯК ЗАН АЗ ӮЗБЕКИСТОНРО ҒОРАТ КАРДААНД

Кормандони пулис дар шаҳри Кудровои вилояти Ленингради Русия ду шаҳрванди 27- ва 24-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми роҳзанӣ дастгир кардаанд. Тавре рӯзи 30 июни соли 2023 нашрияи маҳаллии 47-й канал хабар дод, ин ду ҷавони тоҷикистонӣ шаби 26 июни соли ҷорӣ дар кӯчаи Пражскаяи шаҳри Кудрово ба манзили як зани 33-сола аз Ӯзбекистон ҳамла оварда, бо зӯрӣ телефони мобил ва пулҳои ӯро кашида гирифтаанд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ба гуфтаи манбаи “47-й канал”, онҳо 26 июн ба манзили зани ӯзбекистонӣ зада даромада, ӯро маҷбур кардаанд, ки пасандозҳояшро бароварда, ба онҳо бидиҳад. Зан тарсида, 3 ҳазор доллар, 50 ҳазор рубл ва телефони мобилашро ба роҳзанҳо додааст ва онҳо баъди ин аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Маблағи умумии зарари расонидашуда 312 ҳазор рубли русиро ташкил додааст.

Баъди фирори роҳзанҳо, шаҳрванди Ӯзбекистон ба пулис муроҷиат кардааст. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва кормандони пулис алакай як рӯз пас ду шаҳрванди  27- ва 24-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Ҳардуи онҳо ҳоло дар тавқифгоҳ қарор доранд ва тафтиши парванда идома дорад. Ба ин ду ҷавони тоҷикистонӣ бар асоси моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия барои роҳзанӣ, яъне ҳамла ба хонаи ғайр бо мақсади ғорати молу мулк бо истифода аз зӯроварӣ ваё бо таҳдиди истифодаи он ҳамчун ҷазо то 12 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл таҳдид мекунад.

Шаҳри Кудрово бо беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дар канораҳои шарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст ва ҳарчанд дар ҳоли ҳозир ба ҳайъати ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград дохил мешавад, вале қарор аст, ба наздикӣ ба ҳайъати шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ карда шавад. Солҳои охир дар Кудрово авҷи сохтмони биноҳои баланди истиқоматӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин сохтмонҳо ҳазорон муҳоҷири корӣ, асосан аз Тоҷикистону Ӯзбекистон низ кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button