АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

“ДАР ҲАР УТОҚИ ЗИНДОН “БУЗ” ҲАСТ…” ХОТИРАҲОИ ЯК БОНУИ ЭРОНӢ АЗ 268 РӮЗИ АСОРАТАШ ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН. ҚИСМИ 2

Нашрияи “Шарқ”, чопи Теҳрон, рӯзи 26-уми июни соли 2023 матлабе зери унвони “268 рӯзи асорат дар Тоҷикистон” аз саргузашти талхи як зани сайёҳи эронӣ нақл кард, ки чӣ гуна ҳангоми убури марзи Тоҷикистон дар пайи аз бағочаш ёфтани 6 чӯби хушки бангдона дастгир гардида ва ба 5 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шудааст.

ҚИСМИ АВВАЛИ ИН ҚИССАРО ИНҶО БИХОНЕД:

ҚИСМИ 2

Нозанин Мутеӣ Аслиасғарӣ менависад, “СИЗО-и Ломоносов”, ки ӯро онҷо бурданд, хеле ваҳмнок буд. Дар он ҳам занҳо, ҳам мардҳо ва ҳам ноболиғонро нигоҳдорӣ мекунанд. Хӯроки зиндон хеле бад буд ва аксарияти зиндониён аз берун хешу таборашон хӯрок меоварданд, вале буданд нафароне ҳам, ки хешу таборашон аз онҳо рӯй гардонида буданд ваё афроде мисли Нозанин, ки  дар Тоҷикистон ҳеҷ касе надоштанд, ки барояшон ягон ғизо биорад.

“Бо он бетабъии хӯроки зиндон гуруснагӣ маҷбур мекард, ки онро бихӯрам. На равған дошт на намак. Ё биринҷоба меоварданд ва ё макарони обҷӯш. Агар мерафту бахтам омад мекард, ягон тика картошка ва ё ягон дона лӯбиё ва нахӯд ҳам дар косаам пайдо мешуд. Ягона чизи қобили таҳаммул ин нонҳои ба хишти пухта монанд  (“хлеб”) буд, ки дар филмҳои қадимӣ дида будам. Онро ҳам бояд гармогарм хӯрӣ, вагарна пас аз лаҳзае ба санг мубаддал мегардид. Аксарият гуруснагии худро бо қандчой бартараф мекарданд. Онҳое, ки “дачка” мегирифтанд, яъне чизе, ки хешу таборашон аз берун мефиристоданд, зиндонбонҳо онро ҳам нимтаҳ зада, чизҳои бомаззаи онро мегирифтанд”, – нақл мекунад Нозанин.

Бо ин аксбардор ва блогери эронӣ дар як утоқи зиндон, масоҳоаташ 3 ба 4 метр (12 метри мураббаъ) 5 зани дигар нигоҳдорӣ мешуд. Яъне 2 метри мураббаъ ба сари ҳар маҳбус. Дар утоқ  кати дутабақа ва як кати яктабақа насб шуда, ҳамчунин дар миёнаи утоқ як мизи ғизохӯрӣ ва дар як гӯшааш ҳоҷатхона (туалет)  буд, ки на дар дошт ва на девори комил. Ва як дастшӯ ҳам дар бари ҳоҷатхона насб шуда буд.

Нозанин менависад: Аз ҳама зиёд моро дар зиндон ба ҳоҷатхона рафтан азият медод. Яъне сахтарин кори дунё буд. Бо он хӯрокҳое, ки ба мо медоданд тақрибан ҳамаи мо доиман дарунрав будем. Ҳоҷатхонаи бидуни дар ва деворҳои нимбино ҳатто ҳавокаш ҳам надошт. Тирезаи утоқ бидуни шиша буд, тобистон ғарқи арақ будем ва зимистон сармо сахт азият медод. Хеле рафтан ба ҳоҷатхона азиятамон медод, ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон. Рафтан ба саршуӣ низ ҳамингуна буд. Як ҳаммоми умумӣ бо 12 душ ва он ҳам кушод ва бе ғуфраҳои алоҳида. Дар пеши чашми ҳама бояд луч шавӣ ва душ бигирӣ. Тобистону зимистон танҳо оби сард меомад. Бо вуҷуди он моро дер-дер ба ҳаммом мебурданд ва мо маҷбур будем дар ҳамон ҳоҷатхонаи утоқамон худро шустушӯ кунем. Ҳар дафъа нигоҳбонҳои зиндон моро барои ин корамон ҷангу сарзаниш мекарданд. Вале чӣ илоҷ?! Чандбор дар зимистон қубурҳои обкашӣ ях кард ва омадани об қатъ шуд. Мо аз берун оби гарм ва хунук дастрас карда, бо оби гарм дар бағал мехобидем, то аз сармо каме бошад ҳам дар амон бошем. Ба ҷуз аз мо дар ин утоқи зиндон мушҳо ва калтакалосҳо низ зиндагӣ мекарданд.

Дар умум Нозанин дар “СИЗО-и Ломоносов” бо 22 зани маҳбус ошно шудааст.

“ДАР ҲАР УТОҚИ ЗИНДОН “БУЗ” ҲАСТ

Ӯ менависад, дар ҳар утоқи СИЗО ҳар рӯз як нафар навбатдор мешуд. Ӯ вазифадор буд, ки утоқро рӯбучин ва ҳоҷатхонаву дастшӯякро тоза кунад. Ҳамчунин ба зиндонбонҳо гузориш диҳад, ки ӯ имрӯз навбатдор аст. Бо вуҷуди ин ҳама, дар ҳар утоқ “буз” ҳаст. “Буз” яъне хабаркаш. Онҳо барои як сигор ва ё иртиботи наздик ба зиндонбонҳо гапу гузори ҳамаи аъзои утоқро ба онҳо мерасонанд. Пас аз ҳатто ягон кӯчактарин гап зиндонбонҳо вориди ҳуҷра шуда, ҳама чизро тагу рӯ мекунанд”, – нақл мекунад Нозанин.

Як зиндонбон, ки номаш Холназар буд, Нозанинро барои он хеле азият медодааст, ки чаро куртаю эзор намепӯшад? Ҳарчанд Нозанин мегуфт, дар Тоҷикистон касе надорад ки барояш куртаю эзор биорад, боз ҳам ин зиндонбон азияташ медодааст.

Як дафъа тафтишгарон аз идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба СИЗОи Ломоносов меоянд ва Нозанин аз онҳо мепурсад, ки оё ин маҷбурӣ аст куртаю эзор доштан? Онҳо гуфтаанд, ки не.

“Ва ман аз ҳамон Холназар шикоят кардам, ки ҷонамро ба лабам овардааст, ки куртаю эзор пӯш гуфта. Пас аз он дигар Холназар ҳам маҷбур накард, ки куртаю эзор дошта бошам ва ҷонам аз ӯ халос шуд”, – менависад блогери эронӣ.

Як рӯз бо баҳонаи ҳифзи амният ба маҳбусон гуфтаанд, ки дар ҳуҷраи шумо ва ҳуҷраи ноболиғон дурбини назоратӣ насб мекунем. Маҳбусони зан розӣ намешаванд. Аммо бо роҳи фиреб онҳоро барои ҳавохӯрӣ  ба саҳни зиндон бароварда,  то замони насби камераҳо дар ҳавои хунук бо либоси тунук шашу ним соат нигоҳ доштаанд.

Нозанин Мутеӣ Аслиасғарӣ менависад: “Дурбинҳо ба ҷуз ҳоҷатхона дигар ҳама ҷои утоқро назорат мекарданд. Ҳатто либоспӯшӣ ва либоскашии моро мардҳо медиданд. Ман ба афсари зиндон, ки номаш Абдураҳим буд, гуфтам, ки ин кори шумо ҳам хилофи дини Ислом аст ва ҳам хилофи қонун. Баҳроми дароз, ки бо Абдураҳим якҷо буданд, ба ҷои ӯ ҷавоб дод, ки “исломӣ буданашро барои кишвари худат нигоҳ дор. Ҳар вақте, ки баргаштӣ, дар онҷо амалӣ мекунӣ, ки дурбинҳои ҳуҷраҳои занонаро бояд занҳо назорат кунанд”.

Пас аз 2 ҳафтаи дар “СИЗО-и Ломоносов” қарор доштани Нозанин, консули Эрон дар Тоҷикистон, Алиризо Ороста, барои хабаргириаш омада, барояш чизҳое мисли шампуну собуну дандоншӯяк, ҳамчун маводи хӯрокворӣ, мисли асалу мағзу мавиз низ овардааст.

Нозанин менависад, бузургтарин зулмро  дар ҳаққи ӯ муфаттиш Насруллоҳ Қудратов кард. Ӯ моддаи хариди фурӯши маводи мухаддирро вориди парвандаи ман карда, дар парвандаи ман навиштааст, ки гӯё Нозанин “дар борхалтаи дастии худ чанд адад шохаи кӯкнори хушкро пинҳон кардааст”. Дар ҳоле, ки  ин аксбардори эронӣ исрор меварзад, ки ӯ худаш ин чӯбҳои хушки буттаи кӯкнорро ба кормандони гумруки Тоҷикистон нишон дода буд.

“Ҳангоми шиносоӣ бо маводи парванда ман гуфтам, ки ҳолат интавр нест. Ӯ гуфт дар забони тоҷикӣ мо чунин менависем. Ман талаби тарҷумон ва вакил шудам. Муфаттиш Насруллоҳ Қудратов маро фиреб дода, гуфт, ки ту ҳам форсиро медонӣ ва ҳам русиро. Аз ин лиҳоз ба тарҷумон ниёз нест. Беҳтараш дар рӯи варақ имзо гузорам, то парванда зудтар баста шавад. Вақтро беҳуда ба тарҷумону вакил сарф накунем. Ин муфаттиш маро ҳам бо моддаи 200 қисми 1, яъне хариду фурӯши маводи мухаддир ва ҳам бо моддаи 289 қисми 3, яъне убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гунаҳкор кардааст. Вақти имзои парвандаи аз муфаттиш Насруллоҳ Қудратов пурсидам, ки яъне моддаи 289, қисми 3 чӣ маъно дорад. Ӯ гуфт, ҳамон моддаи 200 аст, хавотир нашав.

Аммо пас аз як рӯз як зиндонбон гуфт, ки муфаттиш як балои бузурге ба сарат овардааст. Беҳтараш вакил гир. Ман ҳам аз маъмурияти зиндон хостам, то бароям иҷозаи вакил гирифтанро диҳанд. Аммо гуфта шуд, ки бояд аввал пули вакилро пешпардохт кунам, баъдан вакил бо парвандаи ту шинос мешавад.

Ман, ки дар Тоҷикистон касе надоштам, ки кумак кунад, ягона роҳ ин пайдо кардани вакилоне буд, ки ба зиндон барои дидор бо зерҳимояи худ меоянд. Дар ҳуҷраи мо якона шахсе, ки вакил дошт, ин Мадина буд. Ва вакили ӯ ҳам холааш буд. Ба Мадина рақамҳои WhatsAppи модарамро навишта додам, ки то холааш бо модарам дар тамос шавад ва  пули вакилро пардохт кунанд.

Вале холаи Мадина аввалин чизе гуфт, ин буд, ки маро хабардор кард, ки ман ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистон шудаам. Ман ба холаи Мадина гуфтам, ки ман визаи думоҳа дорам ва онро қонунӣ ба шакли электронӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дастрас кардаам.

Дар Тоҷикистон ёфтани вакили хуб хеле кори душвор аст. Умдатан, вакилон собиқ муаллимоне ҳастанд, ки риштаи таърих ва ҳуқуқро хатм карда, солҳо дар донишгоҳ дарс гуфта, пас аз бознишастагӣ аз сабаби пул кам дарёфт кардан аз сӯи давлат, рӯ ба вакилӣ меоранд, ки на ба қонунгузорӣ ошно ҳастанд ва на аз парванда чизе мефаҳманду на таҷрибаи корӣ доранд. Вале ба ҳар ҳол ман як вакиле бо номи Моҳрӯя Муҳаммадиеваро пайдо кардам. Модарам ба ҳисоби бонкиаш 400 доллари амрикоӣ фиристод”, – нақл мекунад Нозанин.

ДАВОМ ДОРАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Агарчӣ ин хонуми эронӣ аз саргузашти зиндонаш дар “Ломоносов” нақл кардааст, дар Тоҷикистон қисми зиёди инсонҳо дар озодӣ зиндагӣ мекунанд, аммо на об доранд, на собуну шампун, на “хлеб”-и филмӣ, на фарҳанги адвокатдорӣ, бадтар аз ин зану кӯдаку маъюб дар зери хушунат ва зулму ситами хонаводагӣ солҳоро сипарӣ мекунанд, агар на умрро!!!

  2. Зи хамрохон чудои маслихат нест
    Сафар бе рушнои маслихат нест
    Нахуст танхо сафар кардан на танхо ба занон балки ба мардон низ хуб нест.Дуввум ин ки чарсу бангу кукнору балою батар чи чиз амт ки он савготию ёдгори бошад.Мусибати хамсоямардуми мо тули дахсолахо хамин касофат аст.Бояд шахси зиёи ба хар осори ин харомгиёх факат туф кунад .
    Дигар шояд ин хткмати худованд аст ки аз зулми золимони зиндонхои Точикистон мардуми зиёд бештар огох мешаванд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button