АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ХОТИРАҲОИ ЯК БОНУИ ЭРОНӢ АЗ 268 РӮЗИ АСОРАТАШ ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН. ҚИСМИ 1

Нашрияи “Шарқ”, чопи Теҳрон, рӯзи 26-уми июни соли 2023 матлабе зери унвони “268 рӯзи асорат дар Тоҷикистон” аз саргузашти талхи як зани сайёҳи эронӣ нақл кард, ки чӣ гуна ҳангоми убури марзи Тоҷикистон дар пайи аз бағочаш ёфтани 6 чӯби хушки бангдона дастгир гардида ва ба 5 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Бино ба гузориши “Шарқ”, шаҳрванди Эрон Нозанин Мутеӣ Алиасғариро, ки сайёҳи ҳирфаӣ ва блогер аст, кормандони марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон ҳангоми убури марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир карда, ба кормандони пулис супоридаанд.

Худи Нозанин боздошт шуданашро ба нашрияи “Шарқ” чунин нақл кардааст:  “Пас аз се ҳафтаи сафари худ дар Афғонистон охирин рӯзҳои худро дар вилояти Бадахшон, дар дараи Дароим гузаронидам. Дар ин минтақа ба ҷуз аз гандуму нахӯду картошка, мардум кӯкнор ҳам кишт мекунанд. Бо ба сари қудрат омадани “Толибон” киштзорҳои кӯкнор дар ин дара афзоиш ёфтааст. Чандто акс ва навор ҳам гирифтаму ба саҳифаи Инстаграми худ гузоштам.

Аслан мардуми Афғонистон пояҳои хушкидаи растании бангдонаро ё дар об тар карда, ба чорвои худ медиҳанд ва ё ҳамчун маводи сӯхт ба ҷои ҳезум истифода мебаранд. Ман бо мақсади ёдгорӣ, чор-панҷ навдаи хушкидаи ин зироатро, ки деҳқонҳо барвақт шираи онро гирифта буданду аз он мардуми маҳаллӣ чун ҳезум истифода мебаранд, бо худ гирифтам. Дар роҳ аз чанд нафари “Толибон” пурсидам, ки оё ин барои гузаштан аз марз мушкилие эҷод намекунад? Онҳо механдиданд”.

Вақте Нозанин ба Қундуз расид, каме пули сомонӣ низ харид ва рӯзи 2 августи соли 2022 роҳии марз шуд. Аз Қундуз то марз бо Тоҷикистон як соат роҳ аст. Ӯ мегӯяд, вақте ба марзи Тоҷикистон расид, дар навбат танҳо як зану як мардро дид, ки афғонтабор будаанду вале дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд. Нозанин мегӯяд, соати 10-и субҳ ӯ ҳам дар даст шиноснома, виза ва тести мусбат аз бемории КОВИД-19  ба навбати убури марз пайваст.

Идомаи қазияро аз забони Нозанин мешунавем:

“Вақте корманди гумруки Тоҷикистон тафтиши борхалтаҳои маро оғоз кард, аз ман хост то ҳамёни сумкаи дастии худро боз кунам. Вақте сумкаи худро кушодам аз ман пурсид, ки ин кӯкнор аст? Ман ҷавоб додам, бале. Ӯ боз пурсид, ки медонӣ аз он чӣ омода мекунанд? Гуфтам, бале, аз он маводи мухаддир омода мекунанд. Вале аз растании он, на аз чӯби хушки он. Ин дигар мисли як чӯб аст, ман мехоҳам онро бо худ ҳамчун як ёдгорӣ аз Афғонистон дар хонаам овезон кунам.

Ман дар аввал аз аҳмақии ин корманди гумруки ҳайрон шудам, ки наход фарқи гули тару тоза ва хушкро надонад. Вақти тӯлоние гузашт вале ба ман иҷозаи вуруд ба хоки Тоҷикистонро намедоданд. Маъмурони марзбони Тоҷикистон хеле ором буданд ва дар байни онҳо як зан ҳам буд, ки аз ӯ Муҳайё Султонова ном мебурданд.

Муҳайё ба ман пешниҳод кард, ки биё бо ҳам наҳор хӯрем ва каме истироҳат кун. Ман дар утоқи кории ӯ, ки ҳаммом ҳам дошт, сару каллаи худро шуста, либосҳои худро иваз карда, дар ошхонаи кормандони марзбонӣ гречка хӯрдам. Рафтори маъмурони марзбонӣ хеле меҳрубонона буд ва ман чизеро пай набурдам...”

Ба ҳамин минвол, Нозанинро 13 соат дар марз нигоҳ дошта, соати 11-и шаб бо як мошини пулис аз онҷо ба Панҷи поён овардаанд.

“Телефони ҳамроҳ, дастгоҳи аксбардорӣ ва ҳамаи чизҳои маро гирифтанд. Ман то ба ҳол ба он гумон будам, ки онҳо он 4-5 шохаи хушкидаи кӯкнорро ташхис мекунанд ва мутмаин мешаванд, ки ҷуз як чӯб ва ё чизи ороишие нест, ба шиносномаам мӯҳр мегузоранд ва ман роҳамро идома медиҳам.Вале як духтури зан маро ба таври рӯякӣ муоина карда, ба варақ навишт, ки “боздоштшуда ҷароҳати ҷисмонӣ надорад ва солим аст”. Маро аз Панҷи поён ба боздоштгоҳи амнияти шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол доданд. Нимашаб ба Қӯрғонтеппа расидем. Маро дар утоқ як марде бозҷӯӣ кард, ки аз даҳонаш бӯи шароб меомад ва сархуш буд. Ӯ мастомаст маро сарзаниш мекард, ки чаро то омаданам ба Тоҷикистон қонунҳои ин кишварро нахондаам? Азбаски форсӣ ҳарфзании ин марди маст барои ман нофаҳмо буд, мо баъзан бо русӣ сӯҳбат мекардем. Ва ман ҳам аз сари қаҳр ба ӯ гуфтам, ки чаро ҳангоми иҷрои вазифа маст ҳаст? Баъдан маълум шуд, ки ӯ прокурор будааст”, – нақл кардааст ин блогери эронӣ.

Дар давоми 3 рӯз дар боздоштгоҳи амният, ки онҷо, ба навиштаи ин зани эронӣ, асосан ҷои пурсуҷӯи террористон ва ҷосусҳост, Нозанинро суолборон кардаанд то бифаҳманд, ки ман ҷосус ҳастам ва ё террорист.

 “Тамоми чизҳоямро гирифта буданд. Ҳатто соати дастамро низ гирифта тафтиш карданд, ки мабодо соати ҷосусӣ набошаду дорои имконияти сабти видеоӣ ва ё садо бошад. Шабҳо дар рӯи миз мехобидам, рӯзҳо бошад суолборон мекарданд, ки чаро танҳо сафар мекунам? Пули сафарро аз куҷо пайдо кардааму дар Афғонистон чӣ кор мекунам?

Субҳи барвақт, соати 6 як писарбачаи ҷавон вориди утоқи бозҷӯӣ шуда, бо як доду фарёд маро аз хоб бедор карда, бо даҳони пур аз нос пурсид, ки чаро ман то ҳол хобам? Ман ҳам бо асабоният гуфтам, ки чаро бо даҳони пури нос бо ман ингуна дағал муносибат мекунӣ?– нақл мекунад Мутеӣ Алиасғарӣ.

Пас аз ӯ як марди тахминан 30 солаи фарбеҳе бо номи Фарҳод вориди утоқи бозҷӯӣ шудааст. Нозанин мегӯяд, Фарҳод як марди ором буд ва маълум буд, ки босавод ва таҳсилкарда аст.

 “Агар ман 10 соат ҳам гап намезадам, ӯ ҳам хап меистод. Гуфт, хати форсиро хонда наметавонад. Вале дурӯғ буд. Ӯ дафтари ёддоштҳои маро, ки бо хати форсӣ навишта будам, ба осонӣ мехонд ва вонамуд мекард, ки гӯё хати форсиро хонда наметавонад. Фарҳод он чанд рӯз бо ман дар он утоқ буд ва доиман маҷаллаҳои Афғонистонро мутолиа мекард ва бо ман дар мавриди таъриху адабиёти форсӣ сӯҳбат мекард”, – нақл мекунад Нозанин.

Ӯ меафзояд, ки вақте дид, ки кор ҷиддӣ аст, аз маъмурони амниятӣ хост, то телефонашро бидиҳанд, ки бо хонаводааш ва ё сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар тамос шавад. Вале онҳо рад кардаанд.

Дар рӯзи сеюм Насруллоҳ Қудратов вориди утоқи бозҷӯӣ шуд ва худро муфаттиши парванда муаррифӣ карда, гуфтааст, чизу чораатро ҷамъ кун, ман туро пеши сафиратон мебарам.

Вале маълум шуд, ки дурӯғ гуфта будааст.

Нозанинро аввал ба як бемористон бурдаанд ва пас аз муоинаи рӯякӣ ба як бинои сурх овардаанд, ки он бинои ВКД будааст,  ва боз пурсуҷӯ сар шуд.

Шаб ӯро ба як боздоштгоҳи дигаре бурданд, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, бино ба тасвири Нозанин Мутеӣ Алиасғарӣ, мисли боздоштгоҳҳои филмҳо хеле ваҳмнок ба назар мерасид. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон,  дар онҷо фақат 72 соат нигоҳ доштани айбдоршаванда иҷозат аст, на беш аз он.

Нозанин мегӯяд: “Қудратов гуфт, ки чанд рӯз инҷо мемонӣ, то сари судат баргузор шавад. Барои ҳамин чизҳои заруриатро гир аз даруни борхалтаҳоят. Гуфтам чанд рӯз инҷо мемонам? Гуфт наздики 3 рӯз. Вақте вориди ҳуҷра шудам, хеле тарснок буд. Як ҳуҷраи чор тарафаш сементӣ бо як кати дутабақа ва як чизе монанд ба болишт ва кӯрпа, ки хеле чиркин ва бӯин буданд. Субҳ вақте дари ҳуҷраи маро кушода ба ҳоҷатхона бурданд, барои аввалин бор дигар боздоштшудагони низ дидам. Хабаре аз хӯрок набуд, ба боздоштшудаҳо аз берун хешу таборашон хӯрок меоварданд. Утоқи зиндон хеле танг, торик ва гарму буғ буд.

Боздоштшудагон дар давоми рӯз танҳо ҳаққи чанд дақиқа дар ҳавлии боздоштгоҳ ҳавохӯриро доранду тамом. Вале барои ман каме раҳм карда, то як соат мегузоштанд дар ҳавлии зиндон боқӣ монам. Дар онҷо бо дигар боздоштшудагон ҳамсӯҳбат ва шинос шудам. Онҳо гуфтанд, ки бе вакил (адвокат) дигар ҳатто як калима ҳам ба муфаттиш ҳарф назанам.

Дар рӯзи сеюми ман дар ин боздоштгоҳ як чизи монанд ба додгоҳ бо ҳузури муфаттиш ва додрас сурат гирифт. Пас аз он маро ба “СИЗО-и Ломоносов”, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа аст, интиқол дода, гуфтанд, ки аз сабаби он ки муфаттиши ту шахси ҳирфавӣ ва коркушта аст, дар муддати 10 рӯз парвандаи туро маҳкам мекунад. Барои ҳамин ман ба муддати 10 рӯз бо худ лавозимоти зарурӣ, мисли либос, шампун, собун гирифтам.

Аммо ҳамаи он дурӯғ будааст. Ман шашу ним моҳ дар “СИЗО-и Ломоносов” боқӣ мондам. Ва аввалин сари судам пас аз гузашти чору ним моҳ сурат гирифт.

Дар ин суд ман хеле асабонӣ будам. Ба онҳо гуфтам, ки шумо, қонунгузорони нодон ва бесавод ҳастед. Фарқ байни як сайёҳи бо дурбини аккосӣ ва борхалтаи рахти хоб вориди кишваратон шударо аз як қочоқчии маводи мухаддир намедонед.

Пас аз шунидани ин ҳарфҳо муфаттиш маҷбур шуд, то телефони маро бидиҳад ва ман ба модарам расонидам, ки дар Тоҷикистон дар зиндон ҳастаму ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар диҳед...”

ДАВОМ ДОРАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button