ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ЧАНД ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ ВА ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 01.06.2023

Ошкор гардидани силсила қаллобиҳо

054

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2022, марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 48 ҳазору 600 сомонӣ матоъҳои занонаро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мардони 47, 56 ва 45-солаи сокинони ноҳияҳои Б.Ғафурову Деваштич оғоз карда шудааст.
Номбурдагон, моҳи августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии зани 62-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо баҳонаи ба ҷойи хонаи истиқоматии ба фурӯш баровардааш хонаи 3-ҳуҷрагӣ дарёфт карда додан, хонаи истиқоматии ҷабрдидаро ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағҳои мазкурро ба эҳтиёҷоташон сарф намудаанд.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 55-солаи сокини шаҳри Истарвашан оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи феврали соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоиро барои иваз намуда додан ба асъори хориҷӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар давоми моҳи марти соли 2022 то моҳи марти соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, 134 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки манзили истиқоматӣ бо 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки тибқи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ дар номи падараш мебошад, ба ӯ фурӯхта ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо маблағи мазкурро ба манфиати худаш сарф намуда, то айни замон қитъаи заминро ба номи ҷабрдида ҳуҷҷатгузорӣ накарда бо ин кирдораш ба ӯ зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ласети”, ки арзишаш 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ дар масоҳати 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда, автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ

155

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Исфара, ки соли 2022 бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи феврали соли 2023, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии тағояш, марди 71-солаи сокини шаҳри мазкур 80 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button