ЭЪЛОН! НИЛУФАРИ 17-СОЛА АЗ НОҲИЯИ ДАРВОЗ БЕ НОМУ НИШОН ГУМ ШУДААСТ!

Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кард, ки як духтари 17-сола аз ноҳияи Дарвозро, ки 4 моҳ пеш гум шудааст, ҷустуҷӯ доранд.
Бино ба иттилои милитсия, Алушизода Нилуфар Неъмат, санаи таваллудаш 13.06.2006, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шкеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, хонандаи синфи 10, санаи 8 январи соли 2023 аз хона баромада, ба самти номаълум рафта, бедарак гум шудааст.
Нишонаҳо: мӯйи сараш сиёҳи дароз, қадаш тахминан 1 метру 60 сантиметр.
Милитсияи Бадахшон гуфт, онҳое, ки дар пайдо намудани Нилуфар ёрӣ мерасонанд, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи куҷо рафтан ё куҷо будани Нилуфар Алушизода ягон маълумот дошта бошанд ва ё ӯро дар ягон ҷо дида бошанд, хоҳиш карда мешавад, ки фавран ба рақамҳои зерин занг занед:
83522 2 02 85
+992 93 599 99 38
Телефони боварии РВКД ВМКБ: 83522 2 02 02