ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФОҶИА ДАР МИРЗОЧӮЛ: ҲАВАСИ МОШИНСАВОРИИ КӮДАКОН ЯК ОИЛАРО МОТАМЗАДА КАРД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод,  ки ҳаваси мошинсавории ноболиғон як оиларо аз деҳаи Мирзочӯли ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар мотам афганд.

Бино ба иттилои Кумита, субҳи 30 майи соли 2023,  тахминан соати 08:20, дар ноҳияи Рӯдакӣ як садамаи нақлиётии маргбор рух додааст. Мошини сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, ки ба як сокини 27-солаи деҳаи Мирзочӯли ҷамоати деҳоти Чоряккорон таааллуқ дошт ва аз ҷониби як хонандаи синфи 9 идора мешуд, ба контейнери канори роҳ бархӯрдааст. Дар ин ҳодисаи мудҳиш ронанда бар асари ҷароҳати сахти бардоштааш дар ҷойи ҳодиса фавтидаст ва ду  мусофири хурдсол, ки писарони соҳиби мошин будаанд, дар канали Ҳисор афтода, ғарқ шудаанд. 

Дастаи махсуси зудамали Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуков ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 09:30 ҷасади ронандаи ноболиғро аз дохили мошин бароварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Кумита мегӯяд, сабаби садама дақиқан маълум нест, вале шоҳидон гуфтаанд, ки ронандаи ноболиғ аз уҳдаи идораи мошин набаромад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодисаи фоҷиавӣ аз волидон хостааст, ки набояд иораи мошинро ба фарзандони ноболиғи худ бовар кунанд. “Оқибати чунин саҳлангорӣ фоҷеаест, ки ҳоло дар борааш хондед”, – таъкид кардааст Кумита.

Тафсилоти дигари фоҷиа дар Мирзочӯл маълум нест. Мирзочӯл дар соҳили канали калони Ҳисор, дар тақрибан 7- ило 8-километрии ғарби Душанбе ҷойгир шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистонро ноболиғон, яъне кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button