ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ЯК ДУЗДӢ ВА СЕ ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 29.05.2023

Боздошт гардидани марди 37-сола бо ҷурми дуздӣ

14

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муайян ва дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи апрели соли 2023, ҳангоми дар бинои сохтмони нотамом, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш кор ва фаъолият намуданаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Муъминобод 5 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми нот-9», ки арзишаш 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

12Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 95 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳояш ба ӯ 1-адад автомашина оварда медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, номбурда моҳи ноябри соли 2022, аз зани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе 117 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳояш ба ӯ 1-адад автомашина оварда медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамзамон, худи ӯ бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Кушониён даромада, аз ӯ 72 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тoйота Кемри» оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2022, марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро соҳибкори бозори ҶДММ «Ҷал-Ҷам» муаррифӣ намуда, аз ӯ ба маблағи 37 ҳазору 750 сомонӣ профилҳои гуногунҳаҷми оҳанинро ба муҳлати 1-моҳ гирифта, то ҳол маблағҳояшонро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button