ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ СЕ МУЛЛОИ ТОҶИКУ ТУРКУ ОЗАРӢ БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТИ ШОГИРДОН ДАР ЯК МАДРАСА ДАР ПЕТЕРБУРГ ВА ТАЪЛИМИ АҚИДАҲОИ “СУЛАЙМОНЧИЛАР”

Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Октябр рӯзи 25 майи соли 2023 се мударриси хориҷӣ – шаҳрванди Тоҷикистон Шарофиддин Раҳматов, шаҳрванди Озарбойҷон Фазлӣ Оғоев (Агаев) ва шаҳрванди Туркия Шаъбон Динчерро бо ҷурми азобу уқубати шогирдонашон дар як мадрасаи хусусии исломӣ барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Тафтишот мегӯяд, ин се нафарро кӯдаконро нафақат азоби ҷисмонӣ медоданд, балки ба онҳо ақидаҳои равияи динии дар Русия сабтношудаи Сулаймончиларро таълим медоданд. Худи дастгиршудагон ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия ҳанӯз дастрас нестанд, аммо додгоҳ гуфт, ки Шарофиддин Раҳматов ва Шаъбон Динчер ин иттиҳомро ба гардан гирифтаанд, вале Фазлӣ Оғоев аз додани баёнот дар ин парванда даст кашидааст.

“Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон Шарофиддин Раҳматов, ки ба содир кардани ҷинояти дар бандҳои “а”, “г”, “е” қисми  2 моддаи 117 Кодекси ҷиноятии ФР (азобу уқубат додани беш аз ду кӯдак аз ҷониби гуруҳи шахсон) айбдор мешавад, чораи пешгириро интихоб кард. Додгоҳ дархости тафтишотро қонеъ гардонда, Раҳматовро то 23 июл ба ҳабси пешакӣ гирифт “, – гуфта мешавад дар хабар. Додгоҳи ноҳияи Октябр Фазлӣ Оғоев ва Шаъбон Динчерро низ барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ба ҳарсеи онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 117 ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қазияи азобу уқубати кӯдакон дар мадрасаи ғайриқонунии воқеъ дар як манзили иҷора дар буриши кӯчаи Садовая ва хиёбони Вознесенский дар маркази шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 23 майи соли 2023, дар пайи бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шудани як фарзанди даҳсолаи муҳоҷирони тоҷик маълум шуд. Кормандони пулис баъди дарёфти ин хабар ба он мадраса омада, муайян кардаанд, ки боз дастикам 4 шогирди дигари он аз ҷониби муддарисон мавриди латтукӯб қарор доштаанд.

Раҳматов, Оғоев ва Динчерро билофосила дастгир карданд ва худи ҳамон рӯз додгоҳ ҳар кадоми онҳоро  бар асоси моддаи 5.26 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия барои  машғул шудан ба таблиғоти динии ғайриқонун ба маблағи 30 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми ихроҷашон аз Русияро содир кард. Ин се нафар дар додгоҳ гуфтаанд, ки соли 2022 ба Русия омада, дар як манзили иҷора дар буриши буриши кӯчаи Садовая ва хиёбони Вознесенский, ки дар маркази таърихии шаҳри Санкт-Петербург, дар байни дарёҳои Мойка ва Фонтанка, дар наздикии боғу қасри Юсупов ва Маркази таҳияи асноди муҳоҷирони ноҳияи Адмиралтейский ҷойгир шуда буд, барои фарзандони муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мадрасаи исломӣ ташкил кардаанд.

Тавре аз протокол бармеояд, мударрисон дар ин мадраса ба кӯдакон нафақат “Қуръон” ва дигар аркони Исломро дарс медоданд, балки онҳоро ба саффи равияи динии “Сулаймончилар”, яъне пайравони рӯҳонии турки асри ХХ Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон ҷалб мекардаанд. Ин равияи динӣ дар Русия расман сабти ном нашудааст.

Аммо кори муддарисон танҳо бо ҷарима ва ҳукми ихроҷ тамом нашуд. Рӯзи 25 май ба зидди ҳарсеи онҳо бо иттиҳоми азобу уқубати шогирдони хурдсолашон парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Бино ба фарзияи тафтишот Шарофиддин Раҳматов, Шаъбон Динчер ва Фазлӣ Оғоев аз ҳиссиёти хусуман, барқасдона ва мунтазам  дастикам 4 шогирди хурдсолашонро мезаданд ва бо лаҳни дурушт дашному таҳқир мекарданд. Иттиҳоме, ки ба гуфтаи додгоҳ, Раҳматов ва Динчер пазируфтанд, вале Оғоев қабул надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button