ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ СӮХТАНИ БАДАНИ ЯК НОБОЛИҒРО ҲАНГОМИ МАШҚ ТАСДИҚ КАРД (ВИДЕО +18)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 9 майи соли 2023 дар як иттилоия хабар дод, ки навори оташ гирифтани як ноболиғ дар ҷараёни машқҳои зидди сӯхторро, ки дар Интернет нашр шуд, мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа муайян гардид, ки ин ҳодиса санаи 6-уми майи соли 2023 дар мактаби миёнаи № 67 ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон рух додааст.
Дар асоси нақша, дар муассисаи мазкур машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст, вале дар ҷараёни машқҳо, “аз ҷониби масъулин қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад, ки зимни оташсӯзӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Рӯзи 8 майи соли 2023 дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар он ҷараёни машқи наҷоти одамон ҳангоми сӯхтор дар як мактаб сабт шуда буд. Аммо тавре дар ин навори 36-сониягӣ дида мешуд, наҷотбахшони либоси ҳарбӣ дар тан ҳангоми ба хонандагон таълим додани роҳҳои наҷоти одамон аз сӯхтор худ ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ медиҳанд ва дар натиҷа, либоси як ноболиғ оташ гирифта, пӯсти баданаш месӯзад.

Тавре дар видео дида мешавад, тибқи сенарияи машқҳо як кӯдак бояд бо либоси даргирифта аз даруни сӯхтор берун биояд ва се наҷотбахш бадани ӯро бо кӯрпа печонда, ин ноболиғро аз сӯхтан наҷот диҳанд. Вале наҷотбахшҳо оташи либоси бадани ин ноболиғро хомӯш карда наметавонанд ва он бечора бо талвоса худро аввал аз дасти ин “наҷотбахшонаш” халос карда, мегурезад ва раҳбараҳ худаш либоси даргирифтаро аз баданаш мекашад.

Вале алакай дер шуда буд: Дар навор дида мешавад, ки китфу дастони ин ноболиғ сӯхтааст.

Кай ва дар кадом мактаб сабт шудани навор маълум нест. Вале гӯянда дар ин сабт ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад ва хонандагоне ҳам, ки садояшон ба гӯш меояд, тоҷикӣ суҳбат доранд.

Аҷаб он аст, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса зани раисамонанде ҳам дида мешавад, ки мисли жюри дар пушти як миз нишастааст ва чӣ гуна кӯдакро аз сӯхтор наҷот додани сӯхторнишонҳо ё наҷотбахшонро назорра мекунад.

Ин шабу рӯз дар муассисаҳои гуногун дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мактабҳо машқҳои омодагӣ ба заминларза ва наҷоти одамон ҳангоми сӯхтор идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button