ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАНИ 21-СОЛА БАРОИ ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 09.05.2023

Ба даст афтодани ҷавонзани 21-сола бо гумони дуздӣ

15

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 5-уми майи соли 2023, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел Астра”-ро кушода вориди он шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 9» ва 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи Восеъ

174

Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ сокини ноҳияи мазкур Холов Искандар бо ариза муроҷиат намуд, ки 7 апрели соли 2023, шахсони номаълум аз нуқтаи фурӯши либосҳояш, вокеъ дар бозори Ҳулбуки ноҳияи мазкур, либосҳои мардона, занона ва кӯдаконаро, ки маблағаш 8.500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса гайб задаанд

.175
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия як нафар сокини ноҳияи мазкур, шаҳрванд Абдураҳмонов Бобоҷон, соли таваллудаш 1982-ро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд, ки ҳангоми пурсиш номбурда пурра ба гуноҳи худ иқрор гашт.
Дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ нисбати гумонбаршуда бо моддаи 244 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми қаллобӣ

155

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда дар давоми солҳои 2018 ва 2021 дар кӯчаи Меҳнат бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ «Аюб 2010» марди 45-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, барои хонаи истиқомати сохтан аз ӯ 363 ҳазору 55 сомонӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар муддати кутоҳ хонаи истиқоматиро сохта медиҳанд, аммо номбурдагон ваъдаашонро иҷро накарда, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button