ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ТАҲДИДИ РАҲБАРИ ЧВК “ВАГНЕР” БА РОҲБАРОНИ РУСИЯ: 10 МАЙ МО БАХМУТРО ТАРК МЕКУНЕМ (ВИДЕО)

Асосгузори ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин рӯзи 5-уми майи соли 2023 дар як паёми видеоӣ хитоб ба вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, сардори ситоди кулли Русия ва ҳамзамон фармондеҳи ҷанг дар Украина Валерий Герасимов ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия Владимир Путин, эълон намуд, ки ӯ  10-уми май фармони ақибнишинии зархаридони худ аз шаҳри Бахмути Украинаро медиҳад. Бино ба гуфтаи Пригожин, норасоии силоҳ, ин гурӯҳро водор ба ҷунин иқдом намудааст.

“Ман тасмим гирифтам, ки нерӯҳои”Вагнер”-ро аз ҷабҳаи Бахмут ба  ақибнишинӣ даъват кунам. Зеро дар сурати норасоии лавозимоти ҷангӣ онҳоро ба сӯи марг фиристодан ғайримантиқист. Дар айни замон мо аз норасоии лавозимоти ҷангӣ махсусан снаряд хеле танқисӣ кашида истодааем. Вале вазири мудофиа бошад мегӯяд, ки снаряд аз сару гӯши ҳама зиёд аст”, гуфт Пригожин.

Субҳи ҳамин рӯз, 5-уми май, пештар аз ин баромади худ Евгений Пригожин як сабти видеоиеро нашр намуд, ки дар пушти ӯ ҷасадҳои беҷони чандин нафар оғушта ба хоку хун дар рӯи замин хобидаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин ҷасадҳои хунолуд мансуб ба “Вагнер” буда, онҳо ҳамагӣ дар як рӯз кушта шудаанд. Пригожин бо эҳсосот ва суханҳои қабеҳ Шойгу ва Герасимовро зери борони дашному гирифт.

Пригожин аз ҷумла гуфт: “Шумо махлуқҳо (ӯ дар назар дорад Сергей Шойгу ва Валерий Герасимовро) дар клубҳои қимматбаҳо айшу ишрат карда гаштаед. Фарзандони шумо бошад дар хориҷ аз кишвар дар истироҳатгоҳии аз ҳами қиммат кайфу сафо карда гаштаистодаанд. Ва он ҳама зиндагии пуршӯри шарри худро дар Ютюб дар маърази тамошо мегузоранд. Гумон мекунед, шумо соҳиби ин дунё ҳастеду кайфу сафо танҳо ҳаққи шумо ва фарзандонатонасту мардуми оддӣ бояд дар хандақҳо бимиранд. Инеки дар дасти шумо амборҳои силоҳ аст, маънои онро надорад, ки шумо дар ҳаққи дигарон чунин рафторро раво бубинед. Ин ҷасадҳои дар пушти ман хобида, бо хоҳиши худ ба инҷо омада буданд, то ки шумо дар утоқҳои кории худ айшу нӯш карда гардед. Як ақлатонро ба кор фармоед, ин хеле ҳисоби оддиист. Агар шумо миқдори зарурии силоҳро ба мо саривақт расонед, пас шумори кушташудаҳо панҷ баробар кам мешавад”.

Сухангӯи Путин, Дмитрий Песков ба расонаҳо гуфтааст, ки дар Кремл баёнияи Евгений Пригожинро дидаанд. Аммо ба гуфти ӯ, “аз сабабе, ки ин баромади Пригожин мансуб ба амалиёти махсус (дар Русия аз ҷанг дар Украина чунин ном мебаранд) аст, ман чизе гуфта наметавонам”.

Аз ин пеш низ ҷангҷӯён “Вагнер” сардори генштаби Русия Валерий Герасимовро бо ибораҳои қабеҳе, чун “п…дор”, “ё..ный” ва “бл..” таҳқир намуда буданд.

Бояд ёдовар шуд, ки зархаридони “Вагнер” ва артиши Русия аллакай тӯли 9 моҳ шуд барои ишғоли шаҳри Бахмут, ки дар вилояти Донетски Украина ҷойгир аст шабонарӯзӣ кӯшиш карда истодаанд. Бино ба истихбороти Амрико, танҳо дар 5 моҳи ахир артиши Русия барои ишғоли ин шаҳр 100  ҳазор аз аъзои ҳайати шахсии худро аз даст додааст, ки аз он 20 ҳазорашон кушта шудаанд. Гуфта мешавад аз нисф зиёди кушташудагон дар ин ҷабҳаро зархаридони “Вагнер” ташкил медиҳанд.

Дар байни зархаридони кушташудаи ЧВК “Вагнер” даҳҳо тоҷик ҳам ҳаст. Онҳо асосан маҳбусони зиндонҳои Русияанд, ки Пригожин бо ваъдаи озодии зуд ва афв аз маҳбасҳо озод карда, ба ҷанги зидди Украина мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академики академияи олии илмҳо Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    “Артиши рақами ду”-и дунё (армия россия) аз уҳдаи “амалиёти махсуси низомӣ” натанҳо ба хубӣ, балки ба бадӣ ҳам баромада натавониста истодааст. Ин ҳама қатлу куштори бераҳмона, ин ҳама тарсу ваҳму таҳлука ва изтироб, ин ҳама зарбаҳои ҳавоӣ ва заминӣ (ва таҳдидҳои силоҳи ҳастаӣ) Украинаро шикаст надод, баръакс россия худ кам-кам майли ақибнишинӣ дорад. Ҷаҳони муттамаддин алайҳи кремл муттафиқ шуда, ҷанги сарду гармро мисли оби таҳорати бобои банда якҷо карда, “ширгарм” ё “сарогарм” ҷангро ба нафъи украина ва заъфи россия мудирият карда истодаанд. Элитаи крохобори россия ва халқи крахи рус хизмати хирсонаи путинро гиромӣ ва “героизму патриотизм” медонанд. Банда ҷонибдори сарсахти шикасти комилу суқути мутлақи россия ҳастам.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button