ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ КУШТА ВА ПАНҶ ЗАХМӢ ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки шаби  4-уми майи соли 2023, тахминан соати 02:30, бар асари бархӯрди мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” бо “Мерседес-Спринтер” дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён се нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамаи қурбониёни ин садама сокинони ноҳияи Вахш будаанд.

Бино ба иттилои ВКД, соати дуюними шаби 4 май ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нуралиев Рустам Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Кӯшониён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва дар натиҷа, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Спринтер”, ки таҳти идораи Сафаров Шокир Талбонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Вахш қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Нуралиев Р.Р. ва мусофиронаш Нуралиев Саидхон, соли таваллудаш 1990, Азизов Субҳон, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Вахш, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд ва Абдуллоев Нуралӣ, соли таваллудаш 1996, Собиров Фирӯз Вакилович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи “Мерседес-Спринтер”, Сафаров Ш.Т. ва мусофиронаш Қурбонназарова Зарина Гулмуродовна, соли таваллудаш 1985, ва Шарифзода Саидмуҳаммад, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Вахш, низ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Садамаи маргбордар Кӯшониён алакай сеюмин чунин садамаи пурқурбонӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дар чанд рӯзи аввали моҳи май аст.

Тавре қаблан хабар додем, соати чори субҳи 1 май дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар асари ба ҷарии умқаш тақрибан 200 метр сарозер шудани мошини мусофиркаши тамғаи “Старекс” 6 нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Ҳамаи қурбониёни ин садама хешу табор аз деҳаи Артуч дар канори шаҳри Панҷакент будаанд ва  бино ба иттилои дарёфтӣ, аз тӯйи як хешовандашон бармегаштанд.

Ҳамин тавр, субҳи 2-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:30, мошини тамғаи “Тойота-Раннер”, таҳти идораи Каримов Ҳумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шуд.
Дар натиҷаи садама 6 нафар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button