ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲАЛОКАТИ НАБЕРАИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК ЗУФАР ФАЙЗИЕВ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА

Дар шаҳри Жукови вилояти  Калугаи Русия ба шарафи зодаи Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Жуков Аслам Файзиев, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар канори роҳ як транспарант ё лавҳаи ёдгорӣ насб кардаанд. Аслам Файзиев набераи генерали марҳуми тоҷик Зуфар Мирбобоевич Файзиев, сардори собиқи ситоди кул ё Генштаби артиши Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони артиши кунунии ин ҷумҳурӣ буд.

Дар транспарант Аслам Файзиев бо либоси ҳарбӣ, дар даст автомат аксбардорӣ шудааст. Дар кител ва кӯлоҳи ӯ ҳарфи  Z –  рамзи ҳамлаи артиши Русия ба Украина дӯхта шуда, дар паҳлуи акс ин навиштаро мебинем:

«Аслам Файзиев. Наш герой. Награжден орденом «Мужества» посмертно. Спасибо!» ( Аслам Файзиев. Қаҳрамони мо. Пас аз марг бо ордени “Мардонагӣ” сарфароз гардонида шуд. Сипос!”)

Аслам Файзиев ҳамагӣ  24 сол дошт. Ӯ Академияи қӯшунҳои танкии Русияро хатм карда буд, вале дар артиш хидмат намекард. Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина Аслам Файзиевро ба артиши Русия, даъват карда, ба Украина фиристоданд. Ӯ дар як дивизияи қӯшунҳои танкӣ хидмат мекард ва моҳи сентябри соли 2022 дар набардҳо дар вилояти Харков кушта шуд. Артиши Русия дар пайи талафоти вазнин он вақт дар ниҳоят аз вилояти Харков ақибнишинӣ кард. Дар аввали моҳи ноябри соли 2022 ба Аслам Файзиев пас аз маргаш ордени “Мардонагӣ” доданд.

Аз аввали ҷанги Русия ба зидди Украина дар бораи ҳалокати даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Қариб ҳамаи онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.

Аз ҷумла тақрибан 30 тани онҳо маҳбусоне буданд ки аз маҳбасҳои Русия бо ваъдаи афву озодии зуд ба Украина бурдаанд.

Ҳамин тавр, бисёре аз зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, дар сурати даъват шуданашон ба хидмати ҳарбӣ, метавонанд ба Украина фиристода шаванд.

Ҳамчунин дар саросари Русия бо ваъдаи маоши баланд ва зудтар гирифтани шаҳрвандии ин кишвар муҳоҷирони тоҷикро ташвиқ мекунанд, ки барои хидмати ҳарбӣ қарордод банданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button