ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 800 ДОНА ТУХМ ВА 42 БАСТА ГӮШТИ БЕДОНА ДАР НАЗДИК БОЗОРИ “МЕҲРГОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 05.05.2023

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

156

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи зани 59-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми апрели соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корти миллии “Спитаменбонк” 4 ҳазору 780 сомониро дуздида,аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 22-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда,18-уми апрели соли 2023, ҳангоми дар назди бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел Астра», ки ба марди 33-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, 800-дона тухми бедона, 42-адад бастаи гушти бедона ва 1-адад телевизори плазмавии махсуси автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашда 2 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button