ВидеоСиёсат

БА ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН 65 ПЛАНШЕТУ КОМПЮТЕР ВА ПРИНТЕР ДОДААНД

Ба вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон таҷҳизоти муосири мухобиротӣ, аз ҷумла 65 планшет ва компютеру принтер дастрас кардаанд. Дар ин бора рӯзи 4 майи соли 2023 дар сомонаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон мудири шуъбаи матбуоти дастгоҳи Маҷлиси олӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

“Ҷиҳати тақвият бахшидани раванди расидан ба «ҳукумати электронӣ» бо дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар ва шаффоф намудани раванди муошират ва қабули дархостҳои шаҳрвандон имрӯз ба Маҷлиси намояндагон техникаву таҷҳизоти наву муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла 65 планшет ва компютеру принтери муосир ворид шуда, ба вакилони Маҷлиси намояндагон дастрас шуд”, – навиштааст сухангӯи парлумон.

Бино ба шарҳи Муҳаммадато Султонов, ҳукумати электронӣ низомест, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.

Ӯ зикр кардааст, ки ҳанӯз соли 2003 дар Тоҷикистон стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки нахустин чунин санад дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба шумор меравад. Аммо бо гузашти 20 сол раванди ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон кунду бо мушкил ва ба қавли мунтақидон, бо суръати сангпушт пеш меравад.

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 41 вакилаш аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва 22 вакили боқимондааш тавассути рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Аксарияти курсиҳоро дар Маҷлиси намояндагон аз замони таъсисаш вакилони ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар даст доранд. Дар се интихоботи аввали Маҷлиси намояндагон дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 ба ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунист низ чанд курсӣ дода мешуд. Вале аз соли 2015 ба ин тараф курсиҳои Маҷлиси намояндагон танҳо ба вакилон аз ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои дигари тарафдори ҳукумати кунунӣ дода мешаванд.

Мунтақидон вакилони Маҷлиси намояндагонро ба он айбдор мекунанд, ки ҳар қонуну қарореро, ки ҳукумат мефиристад, бидуни баррасии ҷиддӣ ва аксар вақт якдилона қабул мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button