ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВКД ИСМИ 6 ҚУРБОНИИ САДАМА ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗРО НАШР КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи пурқурбонии субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвози  вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва исми ҳамаи 6 нафар ҳалокшуда дар ин садамаро нашр кард. Бино ба иттилои ВКД, субҳи 2-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:30, мошини тамғаи “Тойота-Раннер”, таҳти идораи Каримов Ҳумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.
Дар натиҷаи садама 6 нафар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. ВКД исми қурбониёнро нашр кард:

  1. Ронандаи мошин Каримов Ҳумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашина:
  2. Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ,
  3. Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ,
  4. Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим,
  5. Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз,
  6. Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Беҳзод Азизхоҷазода раҳбари бахши сайёҳии ҳукумати ноҳияи Дарвоз буд ва Ҳумай Каримов – раҳбари созмони ҷамъиятии “Тоҷи Нурафшон”.

Ҳалокати 6 нафар дар Дарвоз дар ҳолест, ки соати чори субҳи 1 май дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар асари ба ҷарии умқаш тақрибан 200 метр сарозер шудани мошини мусофиркаши тамғаи “Старекс” 6 нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Ҳамаи қурбониёни ин садама хешу табор аз як авлоди сокини деҳаи Артуч дар канори шаҳри Панҷакент будаанд ва  бино ба иттилои дарёфтӣ, аз тӯйи як хешовандашон бармегаштанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дигари ВКД, боз ҳам субҳи 2-юми майи соли 2023, тахминан соатҳои 09:50, ронандаи трактори тамғаи “luznong-604” Самиев Саймуҳиддин Бадриддинович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Шаҳритус дар роҳи мошингарди деҳаи Сомониён ҳангоми ба қафо рондани воситаи нақлиёт дучархарони хурдсол, ҷиянаш Бадриддинзода Идрис Шодрӯз, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол Бадридинзода И. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button