Хабарҳои кӯтоҳ

СЕ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ ДАР БАДАХШОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Маркази зилзиланигории ҷумҳурӣ хабар дод, ки рӯзи 2 майи соли 2023, соати 15:31 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух додааст. Гуфта мешавад, маркази офати табиӣ дар 293-километрии ҷанубушарқи шаҳри Душанбе ва 58-километрии ғарби шаҳри Хоруғ, дар қаламрави вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шуда, шиддати зилзила дар марказаш 5 балл, дар Хоруғ 3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, ин офати табиӣ ягон хисорот ва талафот ба ҷо нагузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи Еarthquaketrack.com хабаро дод, ки субҳи 3 майи соли 2023 дар ноҳияҳои Ҷурм ва Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон, дар наздикии марзи ин кишвар бо Тоҷикистон,  боз ду заминларзаи шиддаташон 4,2 ва 4,4 балл сабт шудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 5 заминларза,  дар як моҳи охир 16 заминларза ва дар як соли охир 234 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар наздикиҳои кӯли Сарез рух медиҳанд.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли 2023, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button