ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ НОБОЛИҒ ДАР ЁВОНУ ҚУБОДИЁН ВА ЛЕВАКАНТ ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи ёфт шудани ҷасадҳои ду кӯдаки 8 ва 7-солаи ғарқшуда дар ноҳияҳои Қубодиёну Ёвон ва идомаи ҷустуҷӯи ҷасади навраси 14-солае, ки дар Левакант ғарқ шудааст, хабар дод.

Аз ҷумла рӯзи 2 майи соли 2023, бино ба иттилои қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон, як навраси 14-сола аз деҳаи Чучуи ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон ҳангоми дастшӯӣ ба канали байни деҳаҳои Ваҳдат ва Ҳаёти нав афтода, ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ин наврас идома дорад.

Рӯзи 2 май, соати 15:10 наҷотбахшон дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади як кӯдаки 7-сола аз деҳаи Арабхонаи ҷамоати ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро аз канал берун оварда, ба мақомот супурдаанд. Ин кӯдак рӯзи 30 апрел ғарқ шуда буд ва ҷасадашро баъди 3 рӯзи ҷустуҷӯ 3 километр поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо кардаанд.

Ҳамчунин рӯзи 2 май дар канали деҳаи Эшонқишлоқи ҷамоати Гулистон дар канори шаҳри Левакант ҷасади кӯдаки 8-солаеро пайдо карданд, ки ҳанӯз ду ҳафта пеш, шоми 20 апрел, соати 19 аз хона баромада, бедарак шуда буд.

Дар пайи ин ҳодисаҳои нохуш, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандон хост, ки кӯдакони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Кумита гуфт,  ҳатто чанд лаҳза беназорат мондани кӯдакон, бахусус дар соҳили кӯлу дарёҳо метавонад ба фоҷиа бианҷомад.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2022 дар Тоҷикистон дастикам 160 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуданд. Беш аз нисфи онҳоро кӯдакон, аз ҷумла 80 нафарашро ноболиғони зери синни 17 ташкил медод.

 Мақомот риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва оббозӣ дар маконҳои мамнӯъро аз сабабҳои аслии ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон медонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button