ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ОҚИБАТҲОИ ҶАНГИ УКРАИНА ТО ИМРӮЗ: ДАҲҲО ҲАЗОР КУШТАЮ ЗАХМӢ, САДҲО ШАҲРҲО БА ХОК ЯКСОН…

Вақте 24 феврали соли 2022 президенти Русия Владимир Путин  барои ҳамла ба Украина фармон дод, бисёриҳо ҳадди ақал дар ҷабҳаи тарафдорони Русия мутмаин буданд, ки ба қавлашон, “дуюмин артиши қавитарини дунё” кори Украинаро дар байни чанд рӯз ё ҳадди аксар дар чанд ҳафта ё чанд моҳ тамом хоҳад кард. Ҳоло дар ҷабҳаи тарафдорони Украина бисёриҳо ин умедро доранд, кти аксулҳамлаи артиши Украина сарзаминҳои ишғолшудаи ин кишвар, ҳатто нимҷазираи Қримро аз дасти Русия озод хоҳад кард.

Аммо, тавре талотуми ҳодисот нишон медиҳад, ҷанг кино нест, ки дар байни чанд соат ба фоидаи ин ё он тараф ҳаллу фасл шавад. Ҷанг як кори хеле пурхарҷу гаронбаҳо, тӯлонӣ ва гоҳо ба назар ҳатто беисту беохир ва мутаассифона, моҷарое хеле пурқурбонӣ ва харобиовар аст, ки мисолашро дар ҷанги Украина, ки камокон қариб 15 моҳ боз идома дорад, мебинем.

Артиши Русия кайҳо боз ташаббус ва пешрафтро дар ҷабаҳоти ин ҷанг аз даст дода, тавре ба назар мерасад, барои муддати тӯлоние дар ботлоқи ҷанги Украина дармондааст ва талафоташ ба даҳҳо ҳазор мерасад. ББС ва “Медиазона” дар як таҳқиқоти муштарак шумораи кушташудашон аз тарафи Русияро дар ҷанги Украина беш аз 40 ҳазор ва ҷамъи талафоташ бо шумули куштаҳову захмиҳоро 195 ҳазор баровард кардаанд. Дар бораи талафоти ҷониби Украина дар ин авохир маълумоти тозае нашр нашудааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки талафоти Украина аз талафоти Русия фақат андаке камтар аст. Мақомоти ҳарбии Русия бошад талафоти Украинаро бо шумули куштаҳову захмиҳо ҳатто то 330 ҳазор нафар рақам мезананд.

Ба сурати умум, метавон гуфт, ки талафоти ҷонибҳо дар ин ҷанги бемаънӣ ва ба маънои томаш бародаркуш, ки байни ду миллати ирқан хеле наздики славянӣ идома дорад, алакай ба марзи ним миллион нафар ва шумори кушташудаҳо ажз ҳарду тараф ба 100 ҳазор наздик мешавад. Ин ҷанги Русия ба зидди Украинаро ба яке аз пурталафоттарин ҷангҳои асри 21 табдил медиҳад.

Украина бори охир моҳи декабри соли 2022 аз кушта шудани 13 ҳазор сарбози худ хабар дода буд. Баъди он ягон ниҳоди Украина аз талафоти ҷониби худ маълумоти наве нашр накардааст.

Матбуоти Русия бо истинод ба мақомҳои ҳарбии ин кишвар иддао мекунад, ки артиши Украина дар ҷанг то имрӯз 330 ҳазор куштаю маҷрӯҳ додааст.

Бахши русии Би Би Си ҳамроҳ бо пойгоҳи “Медиазона” ва гурӯҳи ихтиёриҳо( волонтёрҳо) аз сартосари Русия рӯзмарра барои сабт намудани кушташудагони ҷанг далелҳои шайъӣ ҷамъ меоварад.  То кунун онҳо кушта шудани 21 ҳазору 700 нафар аз аскарону афсарони Русияро бо далелҳо тасдиқ кардаанд. Вале муаллифони таҳқиқот бар он боваранд, ки шумори умумии талафоти артиши Русия (бе иловаи ҷудоихоҳони Донбасс ва Луҳанск) ду маротиба бештар, яъне наздик ба 43 ҳазору 400 нафар аст.

Ба ҳисоби ББС ва “Медиазона”, артиши Русия то имрӯз дар ҷанги Украина дасти кам 195 ҳазор аз сарбозони худро аз даст додааст. Яъне ба иловаи захмиён ва шахсони бедаракшуда(гумшуда).

Аз миёни кушташудагон 3 ҳазору 401 нафарро танҳо мутахассисони варзидаи низомӣ, мисли халабонҳои тайёраҳои ҷангӣ, сарбозону афсарони воҳидҳои махсуси ГРУ ва ФСБ (“спетсназ”) ва қӯшунҳои махсуси қувваҳои пиёдагарди баҳрӣ (“морпех”) ва ғайра ташкил медиҳанд, ки барои тарбияи ҳар кадом аз чунин сарбозон ба камии кам аз 5 то 10 сол ва миллионҳо доллар  сарф шуда буд.

Аз аввали ҷанг Русия дасти кам 1970 афсари худро аз даст додааст, ки 534 нафари онҳо рутбаҳои баланди аз майор то генералро доштаанд.

Бино ба гуфти коршиносони низомӣ, талафоти афсарон  дар ҷанг барои ҳар кишвар хеле гарон аст. Зеро барои тарбияи як афсар камаш 4 сол лозим аст. Гузашта аз ин барои расидани як афсар аз рутбаи лейтенанти хурд то ба мақоми фармондеҳи рота боз ба камии кам 4 соли дигар зарур аст. Ҳамин тавр то расидани ӯ то ба мақоми қумондони рота 8 соли дигар зарур аст, ки дар ин муддат харҷи тарбияи ин афсар боз ба садҳо ҳазор доллари дигар мерасад.

Дар ҳолати кушта шудани як халабони низомӣ ин боз ҳам гаронтар аст. Бино ба гуфтаи сарфармондеҳи қувваҳои ҳавоии Русия, ба ҳисоби миёна, барои тарбияи як пилоти оддӣ 7 сол ва аз 3 миллион доллар то 8 миллион доллар зарур аст. Барои тарбияи як пилот-снайпер аз 15  то 17 сол зарур асту харҷи он ҳам аз 12 то ба 14 миллион доллар мерасад.

Русия дар аввали ҷанг аз нерӯҳои ҳавоии худ хеле хуб истифода намуда, умқи шаҳрҳои Украинаро бомбаборон намуд. Ҳамчунин тайёраҳои ҷангии ин кишвар дар хати ҷабҳа низ фаъолона иштирок намуда, талафоти зиёдеро ба артиши Украина расониданд, ки боиси ақибнишинӣ онҳо гардид ва дар натиҷа ба артиш Русия муяссар гардид, ки масоҳати зиёдеро ишғол намояд. Вале баробари пайдо шудани падофандҳои ҳавоии Украина дар наздикии хатти ҷабҳа, боиси суқут кардани миқдори зиёди тайёраҳо ва чархболҳои низомии Русия шуд. Гуфта мешавад, дар давоми 14 моҳи ҷанг 139 халабони низомии рус кушта шудаанд.

Бино ба маълумоти манбаъ аксарияти кушташудагон дар хатти ҷабҳа (60%) аз ҳисоби басиҷшудаҳо (мобилизатсияшудҳо) будаанд. Гуфта шудааст, ки шумори кушташудагон аз ҳисоби мобилизатсияшудҳо шояд зиёдтар бошад, чунки аксари вақт ҷасади онҳоро аз 14 то ба 20 рӯз нигоҳ медоранд. Ба назари коршиносон, “ин равишро ҳукумат барои он ба роҳ мондааст, ки якбора чанд ҷасадро додан ба наздикони кушташудагон метавонад норозигии аҳолиро ба бор орад. Аз ин рӯ ҳукумат ҳар рӯз аз як то се ҷасадро барои дафн ба наздикони онҳо медиҳад”.

Ба ин гурӯҳ инчунин муяссар шудааст, аз аввали ҷанг 6 қабристони зархаридони  ЧВК “Вагнер”-ро дар минтақаҳои Новосибирск, Иркутск, Свердловск, Самара, Краснодар, Маскав ва як қабристони дигарро дар вилояти Луҳански Украина пайдо кунанд.

Ахиран Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон (вазорати мудофиаи Амрико) хабар дод, ки танҳо дар 5 моҳи ахир дар ҷанг барои шаҳри Бахмут (собиқ Артёмовск)  артиши Русия 100 ҳазор нафар аз нерӯҳояшро аз даст дод, ки аз он 20 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ва аз нисф зиёди ин талафот, ба боварии истихбороти Амрико, аз ҳисоби зархаридони “Вагнер” ташкил медиҳанд. Вале ин мансабдори баландпояи амрикоӣ дар мавриди талафоти Украина гуфт, ки “дар ин ҷанг ҷониби Украина мазлум ва қурбонии таҷовузи Русия аст. Аз ин лиҳоз намехоҳам бо оммавӣ кардани шумори талафоти ҷониби Украина зиндагии бе ин ҳам талхи украиниҳоро талхтар кунам”.

Пештар Владимир Зеленский гуфта буд, ки артишаш дар ҷабҳаи Бахмут талафоти зиёд дода истодааст, вале илова намуда буд, ки “нерӯҳои Украина то охирин лаҳза барои Бахмут омодаанд биҷанганд”.  Ёрдамчии роҳбари Ҷумҳурии худхондаи Донетск Ян Гагин моҳи апрел ба РИА “Новости” гуфта буд, ки “артиши Украина дар Артёмовск (дар Русия аз Бахмут чунин ном мебаранд) аз 15 то 20 ҳазор кушта дод”.

Дар ҷавоб ба ин гуфтаҳои Кирби, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков бар расонаҳои русӣ гуфт, ки “ҷониби Вашингтон имконияти додани чунин маълумотро надорад. Онҳо аз ҳаво ҳарчӣ мегӯянд. Шаҳрвандони Русия бояд ба арқоми пешниҳоднамудаи вазорати мудофиаи Русия бовар кунанд, ки ин ниҳод саривақт нашр мекунад”.

Вале дар асл вазорати мудофиаи Русия охирин маротиба 21-уми сентябри соли 2022 эълон намуда буд, ки 5937 нафарро дар ҷанг аз даст додааст ва баъди он дигар ягон маротиба ин ниҳод аз талафоти ҷониби Русия маълумоте ба нашр надодааст.

Рӯзмарра дар брифинги ин вазоратхона сухангӯи он генерал-лейтенант Игор Конашенков танҳо аз кушта шудани садҳо низомии украинӣ хабар медиҳад, вале дар мавриди талафоти артиши Русия, ба қавли маърум,  ба даҳон гирифтааст, чизе намегӯяд.

Омори ахир аз сӯи Пентагон дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи 29-уми апрели соли 2023, роҳбари ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин ба Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия таҳдид кард, ки “дар ҳолати надодани силоҳи зарурӣ ба зархаридони “Вагнер” ин гурӯҳ маҷбур аст аз Бахмут ақибнишинӣ кунад”. Бино ба гуфтаи Пригожин, “агар ҳолат ҳамин тавр идома пайдо кунад, хатари аз байн рафтани “Вагнер” аз эҳтимол дур нест”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button