ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҲАМЛАИ 2 ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН БА КРЕМЛ. МАСКАВ ОНРО СӮИҚАСД БА ҶОНИ ПУТИН НОМИД (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти президенти Русия хабар дод, ки шаби 3-юми майи соли 2023 кохи Кремл, қароргоҳи президенти Русия Владимир Путин, ҳадафи зарбаи дронҳо, ё ҳавопаймои бесарнишин қарор гирифтааст. Дар видеое, ки ба дунбол нашр шуд, дида мешавад, ки чӣ гуна яке аз ду дрони ба сӯи Кремл фиристодашуда  ба боми он наздик мешавад ва дар лаҳзаи қариб ба ҳадаф расиданаш онро мезананд.

Сомонаи расмии президенти Русия  Украинаро дар ин ҳамла ва сӯиқасд ба ҷони Путин айбдор кард ва навишт: “Режими Киев (дар Русия аз ҳукумати Украина чунин ном мебаранд) ду дронро бо ҳадафи аз байн бурдани президент ба қароргоҳи Владимир Путин дар Кремл шиллик  намуд. Вале дар натиҷа андешидани чораҳои саривақтии хадамоти махсус, бо истифода аз дастгоҳҳои пешрафтаи ҷангӣ, ҳарду дрон бидуни ягон талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ зада, афтонида шуд”.

Бино ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, “Владимир Путин замони сурат гирифтани ҳамла дар қароргоҳи худ дар Кремл ҳузур надошт”. Бино ба гуфтаи ӯ Путин сар аз 3-юми майи соли равон дар қароргоҳи Ново-Огарёво, ки дар наздикии Маскав ҷойгир аст, ба сар мебарад ва ин ҳамла ба ҷадвали кории ӯ ягон таъсире нагузоштаасту Путин ба таври маъмулӣ,  бк кори худ идома дода истодааст.

Ҷониби Маскав бидуни овардани далелҳо ин ду паҳбодро ба Украина рабт дода,  ҳамлаи шабонро “амали террористӣ” номид. Кремл гуфт, “Русия дар ҳар замону макони мувофиқ ҳақ дорад ҷавоби ин ҳамларо бидиҳад”.

Вале дар ҳамин ҳол сухангӯи президенти Украина, Сергей Никифоров ба расонаҳо гуфтааст, ки “мо  аз ягон хел ба истилоҳ “аз ҳамлаҳои шабона ба Кремл” хабар надорем. Чигуна ки борҳо раисҷумҳур Владимир Зеленский таъкид кардааст, Украина тамоми нерӯ ва воситаҳои мавҷудаашро барои озод намудани қаламрави худ сарф мекунанд. Ҳадафи мо озод намудани қаламрави Украина аст, на ғасби кишвари дигаре”.

Дар мавриди “амали террористӣ” шуморидани ин ҳодиса, сухангӯи Зеленский гуфт: Амали террористӣ ин корест, ки Русия шаҳрҳо ва аҳолии осоиштаро дар саросари Украина, дур аз хатти ҷабҳа бомбаборон мекунад. Амали террористӣ ин корест, ки Русия манзилҳои мардумро шабона, ҳангоми хоб будани занону кӯдакон мушакборон ва ба хок яксон мекунад. Ҳамла ба биноҳои баландошёна дар шаҳрҳои Киев, Уман, Днепр ва бисёр фоҷиаҳои монанд ба ин амали террористӣ аст, Он чизе, ки дар Кремл рух дод, як амри пешгӯишаванда буд. Русия мехоҳад дар арафаи 9-уми май як ҳолати тарсу ваҳмро ба бор оварад ва аз он сӯд барад”.

Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Украина низ даст доштани ҷониби Украинаро дар ҳамла ба Кремл рад намуда, иброз дошт, ки “ин гуна ҳамлаҳо ягон ҳадафи низомии моро пиёда намекунад ва гузашта аз ин, бар зарари мост. Ин як амали аз пеш тарҳрезишуда аз сӯи мақомоти Русия аст. Аз он танҳо Путин фоида мебинад. Ба ин баҳона артиши Русия боз ба таври бераҳмонатар аҳолии осоиштаи моро террор мекунад”.

Алакай баъзе аз мансабдорон ва вакилони порлумон Русия аз артиши ин кишвар хостаанд, то дар ҷавоб бояд низомиёни рус қароргоҳи президенти Украинаро мушакборон кунанд.

Мухолифини ҳукумати Русия ба ин назаранд, ки азбаски Кремл қалби Русия ас, ин ҳамлаи аз пеш тарҳрезишуда, танҳо барои ба хашм овардани аҳолӣ ва ҳамин тавр бо ин баҳона баргузор намудани як маъракаи “басиҷсозӣ бо шиорҳои ватандӯстӣ” сурат гирифтааст. Леонид Волков, яке аз мухолифони сарсахти Путин гуфт, “гузашта аз ин ҳукуматдорон мехоҳанд, эҳсоси бадбинии русҳоро нисбат ба мардуми Украина бештар намуда, дар арафаи аксулҳамлаи артиши Украина аҳолии осоиштаи он кишварро боз ҳам бештар бомбаборон кунанд”.

Aз аввали ҳафтаи равон аллакай чандин шаҳрҳои Русия зери ҳамлаҳои паҳбодӣ қарор гирифтаанд. Танҳо дар минтақаи вилояти Маскав 4 тайёраи бесарнишин пайдо намудаанд.

Рӯзи 3-юми майи соли 2023 бошад, паҳбодҳо ба фурудгоҳи ҳарбӣ дар вилояти Брянск ва ба як пойгоҳи маводи нафтӣ дар минтақаи Краснодар ҳамла намуданд. Рӯзи 2-юми май бошад, роҳбари нимҷазираи ғасбшудаи Қрим, ки аз соли 2014 ин ҷониб таҳти контроли Русия аст, аз ҳамлаи тайёраҳои бесарнишин хабар дода буд.

Чанд лаҳза пеш аз расонаӣ шудани ҳамлаи тайёраҳои бесарнишин ба Кремл, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин эълон намуд, ки истифодаи ҳамагуна дастгоҳҳои парвозкунанда дар фазои шаҳри Маскав аз рӯзи 3-юми май манъ карда мешавад. Бино ба навиштаи Baza, танҳо дар рӯзи 2-юми май 203 шаҳрванд аз мақомоти дахлдор барои истифодаи дрон иҷозат пурсидаанд.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки  мақомоти Маскав кормандони давлатӣ ва донишҷӯёнеро, ки аз тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, то санаи 9-ми май барои посбонии фазои пойтахти Русия ҷалб кардаанд. Ин иқдомро дар Интернет корбарон ба масхара кашида, киноя задаанд, ки “Русия дар баландарин сатҳ ва бо истифода аз пешрафтатарин шабакаи зиддиҳавоӣ, яъне бо … чашм мехоҳад аз худ дифоъ кунад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button