ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРИИ ДУХТАРИ НАВРАС ДАР ДАНҒАРА, ДУЗДИИ 16 ҲАЗОР АЗ ХАЗИНА НФС “ГАЗОЙЛ” ДАР ҒАФУРОВ ВА ҚАЛЛОБИИ “ЗАМИНСОЗ” ДАР ВАҲДАТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.05.2023

Боздошт гардидани ғоратгарони ноболиғ

062

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки шаби 2-юми майи соли 2023, тахминан соатҳои 05:00, ҳангоми дар боғи марказии ҳамин ноҳия қарор доштанаш, 4 нафар шахсони номаълум, 1 нафарашон зан ва 3 нафарашон мард ба наздаш омада, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо роҳи зӯроварӣ 590 сомониашро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 15, 11 ва духтарбачаи 16-солаи сокинони ноҳияи мазкур бо ҳамроҳии “Сафарбек” ном шахс содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 24-сола бо ҷурми дуздӣ

021.jpg

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст.
Номбурда, 22-юми апрели соли 2023, тахминан соати 23:00 аз хазинаи НФС «Газоил», воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров, 16 ҳазору 100 сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

12

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худашро муҳандис-заминсоз муаррифӣ карда, барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, аммо ваъдаашро иҷро накарда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button