ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ШАҲРИТӮС 9 УЗВИ 2 ХОНАВОДА ЗАҲРОЛУД ШУДА, 5 ТАНИ ОНҲО ҶОН БОХТААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 2 майи соли 2023, тақрибан соати 18:35, дар ҷамоати ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон дар ҷанубуғарби ҷумҳурӣ 9 узви ду оила, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шудаанд.

 “Дар натиҷаи заҳролудшавӣ 4 нафар ҷон бохтта, 5 тани дигар дар ҳолати вазнин дар шуъбаи реаниматсияи бемористони ноҳиявӣ қарор доранд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тафсилоти дигар надодааст ва танҳо гуфтааст, ки ин ҳодиса таҳти таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар Шаҳритӯс 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ҷон додаанд.

Ба иттилои Озодӣ, Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдак шоми 2-юми май ба шифохонаи ноҳияи Шаҳритус бурда буданд, вале табибон натавонистанд онҳоро аз марг наҷот диҳанд. Озодӣ гуфт, ин 5 узви як хонадонро субҳи 3 май дар деҳаи Свердлов ба хок супурдаанд. Ин деҳа дар ҳудуди ҷамоати ба номи Холматов ҷойгир шудаст.

Пизишкон гуфтаанд, ки сабаби марги ин панҷ нафар маълум нест ва онҳо мунтазири натиҷаи санҷиш аз Душанбе ҳастанд. Вале шахсони наздик ба оила хабар додаанд, ки эҳтимолан, заҳролудшавӣ аз ғизои консервашуда сабаби марги онҳо шудааст.

Ин ягона ҳодисаи марги шаҳрвандон аз истеъмоли хӯришҳои дар шароити хона тайёршуда нест.

Рӯзи 15 апрели соли 2023 дар деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакӣ дар канори шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон ҳангоми таҷлили зи зодрӯзи яке аз фарзандон як зан бо се тифли хурдсолаш аз истеъмоли хӯриш ё салати консервашуда заҳролуд шуданд. Хушнуди 12-сола ва додари 9-солааш Шерафкан дар хона ва модарашон чанд рӯз баъд дар бемористони шаҳри Панҷакент ҷон бохтанд. Духтари 13-солаи ин оила то ҳол дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ҳамчунин, 11 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз истеъмоли чунин консерваи худсохти иборат аз помидору боимҷон ва булғорӣ 8 узви як хонаводаи Каримовҳо заҳролуд шуда, ду нафари онҳо рхзи 23 ноябр дар бемористон фавтиданд, Гуфта мешуд, занҳои ин хонавода 30 қуттӣ чунин консерва омода карда буданд. 29 қуттии онро аҳли хонавода қаблан бидуни ягон мушкил истеъмол кардаанд, вале қуттии охирин боиси чунин мусибат дар ин оила шудааст.

Моҳи августи соли 2019 аз истеъмоли консерва дар деҳаи Пистамазор дар канори шаҳри Кӯлоб як зан бо се фарзандаш заҳролуд шуданд ва мутаассифона, як писару як духтари ӯ, ки 16 ва 19 сол доштанд, ҷон бохтанд. Соли 2017 дар ноҳияи Хуросон 6 узви як оила аз истеъмоли консерваи дастисохт заҳролуд шуда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button