ВидеоСиёсатТоҷикистон

АСАДУЛЛО ВАЛИЗОДА УМЕДВОР АСТ, КИ ДОДГОҲ МӮЙРО АЗ ХАМИР ҶУДО МЕКУНАД

Асадулло Вализода, журналист ва соҳибкори тоҷик, падари Собир Валиев, яке аз роҳбарони собиқи ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки соли 2020 ба Ватан баргашт, рӯзи2 майи соли 2023 дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук ҳар навъ рабти худ ба парвандаи зидди шарикони тиҷоратии писарашро рад карда ва дар айни замон изҳори умед кардааст, ки додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.

Асадулло Вализода менависад: “Бо савганд ба Худо ва бо имону виҷдон ва шаъну шарафи инсониам дар масалаи муҳокимаи додгоҳии шарикони писарам Валиев Собир чунин изҳор медорам:

1. Касеро бо номи Салимбой, ки падари Турсун будаааст, намешиносам ва ҳеҷ муъомалае надоштам.

2. Ягон вақт ва ҳеҷ мақомоту ниҳоде дар робита ба ин қазияи тафтишотӣ маро даъват накардаанд ва на баёноте додаам. Дар гузашта низ ҳеҷ муъомалае бо ягон ниҳод надоштам. Кӣ чӣ мегӯяд ва чӣ менависад?, парвое надорам, чунки ин қазия сохтакорист, дер ё зуд ҳақиқат рӯи об мебарояд. Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Мағлата кардан аз рӯи хирад ва инсоф нест”.

Ин матлаб дар посух ба як гузориши муфассал дар пойгоҳи оппозитсионии “Ислоҳ” аст, ки дар он гуфта мешуд, Собир Валиев баъди зиндонӣ шудани Ҳоҷӣ Турсун, молики ширкати “Хушнуд”, ки ӯро ба кор гирифта буд, дороиҳои ин ширкат ба маблағи беш аз як миллион доллар, аз ҷумла супермаркети “Файзи Расул”-ро  ба фурӯш задаву пулашро тасарруф кардааст.  “Ислоҳ” навишт, ҳарчанд Собир Валиев танҳо бозпурсӣ шуд, вале 4 кормандаш дар ҳабсанд.

Асадулло Вализода гуфтааст, воқеъан, писараш дар озодист, вале баррасии қазия дар маҳкама идома дорад.

“Ҳарчанд аз ҷузъиёти қазия огоҳ нестам, вале нуқтаҳои овардашуда дар саҳифаи ба ном “Ислоҳ”… воҳимаю муболаға буда, боварӣ надорам, ки воқеъият чунин бошад. Бо ин ҳаҷм маблағ дар чунин ширкатҳо чарх заданаш дар гумон буда, илова бар он азхудкуниаш бо роҳи ғайриқонунӣ имконнопазир мебошад”, – навиштааст ӯ.

Падари Собир Валиев аз ҳама хостаст, бо “ҳар гуна гузоришҳои носанҷидашудаю ғаразноку шубҳанок ва шарҳҳои нодуруст” ба рафти мурофиаҳо халал нарасонананд ва “фитна эҷод накунанд”   ва “донистаю бехабар ва қасдану мухлисона ба қазия ” намак напошанд”. Вализода  афзудааст, шояд суитафоҳумҳое дар рафти қазияи тафтишотӣ вуҷуд дошт, вале “умед дорам, ки аҳли додгоҳ аз рӯи виҷдон бо сидқу вафое, ки назди қонун доранд, “мӯйро аз хамир” ҷудо карда, қазоват мекунанд. Интизорӣ дорам, ки ҳалнома одилона хоҳад буд”.

Собир Валиев қаблан тасдиқ карда буд, ки ба зидди ӯ ва 4 ҳамкораш бар асоси беш аз 10 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла сохтакорӣ, қаллобӣ ва ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ӯ ҳаққи тарки ҷои зисташро надорад. То соли 2020, ки Валиев дар хориҷи кишвар қарор дошт, ба зидди ӯ бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ парванда кушода буданд, вале баъди бозгашту афв шуданаш он парванда баста шуда буд.

Собир Валиев дар як мусоҳиба, ки Радиои Озодӣ рӯзи 27 апрели соли 2023 нашр кард, нақл  кардааст, ки баъди баргаштан ширкатеро бот номи “Девори ҷаҳон” (“Wall World”) таъсис дод, ки дар он 30 нафар кор мекарданд.

“Аз моҳи сентябри соли 2020 сар карда ман ва хешовандону ҳамкоронамро таъқиб намуда, кормандони Додситонии кул бо роҳи зурӣ, ғайриқонунӣ вориди дафтари корӣ шуда, санадҳои молӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро бурда, дар нисбат ба ман ва кормандонам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд,”—гуфтааст Собир Валиев. Ба гуфтаи Валиев, аз дафтараш пули зиёдро ҳам бурдаанд. Ӯ афзуд, ки ҳоло мехоҳад ба қабули додситони кул Юсуф Раҳмон равад ва аз ӯ дархости додхоҳӣ кунад. Собир Валиев гуфт, чанд дафъа дар рӯзҳои қабули Юсуф Раҳмон ба идораи додситонӣ рафт, вале кормандони Додситонии кул ӯро ба ҳузури Юсуф Раҳмон роҳ надодаанд.

Собир Валиев нақл кардааст, ки ду моҳ пеш, вақте дар як тарабхона бо наздиконаш хӯроки шом мехӯрд, кормандони мақомот дар пеши ҳама ба дастонаш завлона зада, ӯро бо худ бурдаанд ва танҳо рӯзи дигар, баъди бозпурсӣ ҷавобаш додаанд. Ӯ афзуд, ки баъди ин ҳодиса ду моҳ гузашт ва ӯро дигар ягон даъват накарданд, вале ба вай иҷозаи ворид шудан ба ширкаташро намедиҳанд ва ба далели забонхати тарк накардани ҷои зист ҳаққи сафар ба хориҷи кишварро ҳам надорад.

 Собир Валиев гуфт, феълан  нисбат ба чор нафар аз ҳамкоронаш, аз ҷумла директори ширкат Некрӯз Табаров, ҳимоячии ӯ ва аудитори ширкат айб эълон кардаанд ва мурофиаи онҳо дар додгоҳ идома дорад.

Собир Валиев писари Асадулло Вализода, асосгузори хабаргузории баъдан барҳамхӯрдаи “Мизон” ва номзади собиқ ба вакилии парлумон дар интихоботи соли 2000 мебошад. Собир Валиев дар давраи зинда будани Умаралӣ Қувватов ба “Гуруҳи 24” пайваст ва то ба мақоми муовини раиси ин ҳаракати оппозитсионӣ расид. Соли 2015 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Молдова дастгир шуд ва қариб ду моҳро дар ҳабс ба сар бурд.

Соли 2016 дар пайи як ихтилофи дохилӣ аз мақоми роҳбарӣ дар “Гуруҳи 24” канор зада шуд ва ба як ҳаракати оппозитсионии таҳти раҳбарии Додоҷон Атовуллоев пайваст. Вале баъдан аз фаъолиятҳои оппозитсионӣ дилсард шуда, аз ин ҳама канор рафт ва соли 2020 ба Тоҷикистон баргашт ва дар чорчӯби афве, ки ҳукумат ба мухолифинаш пешниҳод карда буд, афв шуд.

Гуфта мешуд, ки Собир Валиев дар мактаби №53 дар маркази Душанбе як муддат бо Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода дар як синф таҳсил кардааст ва бозгашт ва афви ӯ бо мусоидати ҳамсинфони собиқаш сурат гирифтааст.

Дар доираи афви ба мухолифин пешниҳодкардаи ҳукумат  даҳҳо нафар, аз ҷумла бархе аз шахсиятҳои дар гузашта ангуштнамои оппозитсия, ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳое, ки баргаштанд, мегӯянд, дар канори хешу табору худ хушу осуда ва озод ба сар мебаранд, вале нозирони умр мақоми онҳоро бештар ба “бандии озод” ташбеҳ мекунанд ва мегӯянд,  ки ҳаракатҳои онҳо маҳдуд ва зери назорат қарор дошта,  мақомот аз ин афвшудагон барои ҳамлаҳои иттилоотӣ ба зидди мухолифин (намунаҳояш Оятулло Гиляев ва худи Собир Валиев дар моҳҳои аввали баъди бозгашташ) ва ҳамин тавр, барои баёнот додан ба зидди ҳамсаффони собиқи аз ягон кишвар истирдодшудаашон ҳамчунон фаровон истифода мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button