ВидеоМуҳоҷирон

МК: ДАР ЯК ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ СЕ ҶАВОНИ ТОҶИК КОРД ХӮРДААНД

Нашрияи “МК”, чопи Маскав хабар дод, ки шаби чоршанбе, 26 апрели соли 2023 дар як занозании гуруҳӣ дар ноҳияи Солнтсево дар ғарби Маскав се шаҳрванди Тоҷиктстон захми корд бардоштаанд. Ба иттилои нашрия, шаби 26 апрел, тақрибан соати 22:00, дар назди як хобгоҳ дар кӯчаи 50-солагии Октябр ду гуруҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба далели ҳанӯзх номаълуме занозанӣ кардаанд ва дар натиҷа, се ҷавони 20-25-соларо бо захмҳои корд аз ҷои ҳодиса ба бемористон бурдаанд. Гуфта мешавад, ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав ба пойгоҳи хабарии “Мослента”  гуфтаанд, ки иттилоъ дар бораи чунин як занозанӣ дар ғарби пойтахти Русия ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Аз ҷумла 18 марти соли 2023 года дар минтақаи Нижнии Мнёвники дар  ғарби шаҳри Маскав бо иштироки беш аз 50 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон занозании гуруҳӣ рух дод.

Бино ба иттилои Телеграм-канали База, сабаби ин занозанӣ бо истифода аз арматураву болғаҳо ин будааст, ки коргарони сохтмони маҷтамаи биноҳои истиқоматии гаронбаҳои “Остров” (“Ҷазира”) натавонистанд …  вақти тановули хӯрокро байни худ тақсим кунанд. “База” менависад, ки коргарон аз Ӯзбекистон мехостанд якум шуда хӯрокашонро бихӯранд, вале коргарон аз Тоҷикистон бо ин розӣ набуданд ва мехостанд онҳо якум бошанд. Дар натиҷа, ду тараф ба ифоқа расида натавонистанд ва муҳоҷирон аз гиребони якдигар гирифтанд.

Шаби 11 апрел бошад дар Маскав зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия бо гуруҳе аз зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои сабти номи қалбакӣ занозанӣ кардаанд.  Бино ба иттилои ҳамон Телеграм-канали База , дар ҷараёни занозание, ки дар назди ошхонаи “Вкусно и точка” (собиқ “MacDonalds”) дар кӯчаи Зеленодолская дар минтақаи Кузминки дар ҳавзаи ҷанубушарқии Маскав рух дод, як шаҳрванди Ӯзбекистон бо зарбаи корд захмӣ шудааст.

Ҷараёни ҳодисаро База чунин тасвир кардааст: “Се нафар аз Ӯзбекистон бо дӯстонашон барои баррасии масъалаи ҳуҷҷати сабти ном ба инҷо омадаанд. Онҳо чанде пеш барои сабти ном пул додаанд, вале сабти номашон қалбакӣ баромадааст. Аз ин рӯ, онҳо талаб кардаанд, ки пулашонро баргардонда диҳанд. Вале баҳси лафзӣ ба занозании гуруҳӣ ва кордзанӣ печид. Як шаҳрванди Ӯзбекистон аз шикамаш захми корд хӯрд ва дохили ҳоҷатхонаи ошхонаи “Вкусно и Точка” даромада, пинҳон шуд. Табибон ӯро аз дохили ҳоҷатхона гирифтанд”.

Дар умум, ба иттилои ин нашрия дар пайи ин занозанӣ 15 шаҳрванди Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистон ва ҳамчунин 5 зодаи Чеченистон, се нафар аз Доғистон ва як зодаи ҷумҳурии Кабардаву Балқарро ба пулис овардаанд.

 “Аз ҳама бештар дар ин моҷаро шаҳрвандони Ӯзбекистон осеб дидаанд: яке аз онҳо захми корд хӯрд,  нисбат ба ду нафари дигар бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиби вуруд ба Русия протокол тартиб додаанд”, – гуфта мешуд дар хабари База.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button