ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҲИСОР ЯК ЗАН МӮСАФЕДРО ЗАДА, АЗ ПОЙ АФТОНД ВА ТЕЛЕФОНАШРО КАШИДА ГИРИФТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 27.04.2023

Боздошт гардидани зани ғоратгар

09c90532582f67c5b71027b09d86982f

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми марти соли 2023, тахминан соати 16:00, шахсони номаълум дар назди беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, ба замин афтонида аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Редми 11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарири расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобии алоқаманд ба хариду фурӯши воситаи нақлиёт

14

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022, дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе, марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4-адад автомашинаҳои тамғаи «Тойота-Королла» ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ, «Хундай Соната» ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, «Мерседес Бенс» ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ва автомашинаи тамғаи «Ланд Крузер-200»-ро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ, дар умум ҳамаи инҳоро ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ гирифта, 160 ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимондаашро ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button