ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФОҶИА ДАР МОҒИЁН: ПАДАР БАРОИ НАҶОТИ ФАРЗАНДАШ ХУДРО БА ОТАШ АНДОХТ… (ВИДЕО+10 АКС)

Шаби 23 ба 24 апрели соли 2023 бар асари сӯхтор дар деҳаи Пули Гирдоби ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ду нафар: сокини 43-солаи ин деҳа Шоҳрух Ҳамроев ва духтари нӯҳсолааш ба ҳалокат расида, хонаи ӯ пурра ба коми оташ рафтааст.

 Сокинони Моғиён бо ирсоли аксу видеоҳо аз маҳалли ҳодиса хабар доданд, ки сӯхтор соатҳои дувоздаҳи шаб сар задааст ва Шоҳрух Ҳамроев, ки 4 фарзанд: се духтар ва як писар дошт, зану се фарзандашро аз даруни оташ берун мекашад. Ӯ сипас барои берун овардани духтарчааш дубора худро ба даруни оташ мезанад ва муваффақ мешавад, ки духтарчаашро ҳам берун биорад. Вале, нақл мекунанд сокинони Моғиён, ҳарду: ҳам падар ва ҳам духтар баъди раҳидан аз коми оташ дар рӯи ҳавлӣ зоҳиран ба иллати нафас кашидани дуди зиёд ва сӯхтани баданашон дар пеши чашми мардуми ҷамъшуда ҷон додаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, духтари ғӯррамаргаш дар рӯи дастони падар ҷон дод ва лаҳзае пас падар ҳам аз паси духтараш ба зиндагӣ падруд гуфт…

Бар асари оташ хонаи истиқоматии Шоҳрух Ҳамроев пурра вайрон шудааст. Дар видео дида мешавад, ки мардум дастаҷамъона хонаи сӯхтаро, ки танҳо чор девораш боқӣ мондааст, аз боқимондаҳои сӯхтор тоза мекунанд.

Сокинони ҷамоати Моғиён аз он гила мекунанд, ки дар ин ҷамоат на ягон мошини “Ёрии таъҷилӣ” мавҷуд аст ва на ягон мошини сӯхторнишонӣ. Ба далели вайрон будани роҳҳо сӯхторнишонҳо аз шаҳри Панҷакент вақте расиданд, ки сӯхтор алакай корашро карда буд ва аз хона чизе намонда буд.

Шоҳрух Ҳамроев (ДАР 3 АКСИ АЗ ҲАМА ПОЁН), соли таваллудаш 1980, писари раиси собиқи колхози Моғиён шодравон Муродқул Ҳамроев буд. Ӯ мисли аксари дигар ҳамватанонаш ҳар сол барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафт ва аз ҳамин ҳисоби пули аз мардикорӣ бадастовардааш рӯзгори оилаи худро пеш мебурд.

Бар асари ин офат, ин оила аз саробони асосии худ маҳрум шуд…

Ҳар сол дар Тоҷикистон бар асари сӯхтор даҳҳо хонаву мағоза ва корхонаву бозорҳо ба коми оташ мераванд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1262 ҳодисаи сӯхтор ва дар як соли қабл 1196 чунин ҳодиса рух дода, соли гузашта боиси ҳалокати 19 нафар гардида ва як соли пеш 10 кушта ба ҷо гузоштааст. Маблағи зарари сӯхтор дар соли 2022 дар умум  58 миллиону 716 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 5 миллион долларро ташкил додааст.

Мақомот расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ва таркидани балонҳои газро аз сабабҳои умдаи сӯхтор дар Тоҷикистон меноманд.

Тавре қаблан хабар додем, нимашаби 15 ба 16-уми апрели соли 2023, бар асари сӯхтор дар ошёнаи 6-уми бинои шашқабатаи истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Эрҷигитови шаҳри Ваҳдат чанд манзил ба коми оташ рафта буд.

ВКД гуфт, ин сӯхтор масоҳати 450 метри мураббаъро дар қабати мансардаи ин бино фаро гирифта, ба сокинон ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 8 ҳазор доллар зарар расонд, вале хушбахтона, касе дар ин офат осеб надидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун!
    Ҳукумати шаҳри Панҷакент ба фарзандон ва оилаи ин қаҳрамонпадар хонаи нав бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии рӯзгор ва иншооти ёрирасон сохта дода шавад, мунтазири кӯмаки мардуми дастбахайр набошед!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button