ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ СЕ КӮДАК ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ДАР МАСТЧОҲУ ЁВОНУ ВАРЗОБ ВА ЯК МАРД ДАР ЧИНОРДАРА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 апрели соли 2023 дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ – ноҳияҳои Варзобу Ёвон ва дар шаҳоакт Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳ –  се ноболиғи 12, 13 ва 14-сола ғарқ шудаанд.

Аз ҷумла ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳро сокинон ва наҷотбахшони шуъбаи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда пайдо карда, ба волидонаш супурдаанд.

Ҷустуҷӯи ҷасади духтарчаи 12-солаи сокини ноҳияи Ёвон ва писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Варзоб рӯзи якшанбе натиҷа надодааст ва аз субҳи 24 апрел аз сар гирифта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, аз натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар Ёвону Варзоб ба муҷарради расидани маълумоти тоза иловатан хабар хоҳад дод.

Тафсилоти дигари ин се ҳодисаи нохуши маргбор нашр нашудааст.

Ва аммо ғарқ шудани якбора се кӯдак ҳангоми оббозӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мавсими оббозӣ ҳанӯз расман шурӯъ нашудааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон дастикам 160 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуданд. Беш аз нисфи онҳоро кӯдакон, аз ҷумла 80 нафарашро ноболиғони зери синни 17 ташкил медод. Мақомот риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва оббозӣ дар маконҳои мамнӯъро аз сабабҳои аслии ғарқ шудани одамон дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон медонанд.

Дар айни замон, бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, як сокини 21-солаи деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода, ки ҳамроҳи се нафар аз дӯстонаш дар минтақаи кӯҳии Чинордара истироҳат мекард,  аз баландӣ сарозер шудааст. Дар натиҷа, ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳангоми интиқол доданаш ба беморхона дар роҳ ҷон супурдааст. 

Дар иртибот ба ин 4 ҳодисаи маргбор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон хост, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва соҳили кӯлу рӯдхонаҳо ба қоидаҳои бехатарӣ диққат диҳанд.

“Бачаҳоро беназорат нагузоранд. Натиҷаи бепарвоиву беназоратии волидон ҳамин гуна ҳодисаҳои нохӯшанд, ки аксар вақт ба фоҷеа ба поён мерасад. Ҷони худу атрофиёнатонро ҳифз кунед!”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button