ВарзишВидео

ПРЕЗИДЕНТИ ФИФА ИНФАНТИНО БОРИ НАХУСТ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД МЕКУНАД

Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 21 апрели соли 2023 хабар дод, ки дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Ҳадафи асосии ин сафари Ҷанни Инфантино ва Шайх Салмон Ал-Халифа иштирок дар конгресс ё анҷумани ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад. Ин анҷуман рӯзи 2 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки сарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ дар ҷараёни сафарашон ҳамчунин бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Ин нахустин боздиди президенти ФИФА Ҷанни Инфантино аз Тоҷикистон хоҳад буд. Джанни Инфантино, ки 23 марти соли 1970 дар ҷануби Швейтсария ба дунё омада, решаҳои италиявӣ ва шаҳрвандии ҳам Швейтсария ва ҳам Италияро дорад, соли 2016, дар пайи як моҷарои бузурги коррупсионӣ, боиси истеъфои Зепп Блаттер аз раҳбарии ФИФА ва ситораи машҳури футбол Михел Платини аз мақоми президенти УЕФА шуд, ба мақоми президенти ФИФА расид.

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа узви хонаводаи подшоҳии Баҳрайн буда, 2 ноябри соли 1065 ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 2023 президенти Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Бо пуле, ки аз буҷети халқи тоҷик барои сафари расмӣ, будубош, меҳмонӣ ва гусели раиси фифа пардохта мешавад, 11-футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон ё дилхоҳ дастаро соҳиби манзили истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе метавон кард!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button