Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ШАБИ ИД ДАР НОРАК: ЯК НАВРАС ДУ НАВРАСИ ДИГАРРО КОРД ЗАД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.04.2023

Боздошт гардидани ноболиғи 17-сола барои захмӣ намудани ду ҳамсолаш

117

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Норак бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 20 ба 21-уми апрели соли 2023, тахминан соати 01:30-дақиқа дар назди хонаи истиқоматиашон бо ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри мазкур муноқиша карда, аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда, 1-маротибагӣ ба шиками ҳардуи онҳо задааст, ки дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздии таҷҳизоти мошиншӯӣ

143

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми апрели соли 2023, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётиаш, воқеъ дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода шуда, аз онҷо як адад таҷҳизоти барқии мошиншӯии тамғаи “Керхер”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button