ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ИДГАРДАКИ КӮДАКОНИ ТОҶИК ДАР ЯК ГӮШАИ ДУРИ РУСИЯ (2 ВИДЕО+2 AKC)

Муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар инҷо низ анъанаҳои миллию динии худ, аз ҷумла анъанаҳое, ба мисли додани ифтор дар моҳи шарифи Рамазон ва идгардак дар рӯзи иди саиди Фитрро ҳифз кардаанд.
Дар аксу видеоҳое, ки муҳоҷирони тоҷик аз шаҳраки Хори ноҳияи Лазои кишвари Хабаровск, воқеъ дар минтақаи Шарқи дури Русия ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд,  дида мешавад, ки дар рӯзи ид тоҷикони калонсоли сокини шаҳраки Хор ба хонаҳои якдигар барои табрики ид мераванд ва сари дастурхони идона аз ғизову шириниҳои миллии тоҷикие, ки занони тоҷик ба муносибати ид тайёр кардаанд, мечашанд.

Ҷолиб он аст, ки дар шаҳраки Хор кӯдакони муҳоҷирони тоҷик низ дар рӯзи ид мисли дар Тоҷикистон ба хонаи тоҷикҳои муқими ин шаҳрак ба идгардак рафтаанд.

Дар як видео ин кӯдакони тоҷикро ҳангоми гирифтани идона аз хонаи як муҳоҷири тоҷик сабт карданд ва дар як акси дигар онҳо бо халтаҳои пур аз туҳфаҳои идона якҷо акс гирифтаанд.

Дар як видеои дигари фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дида мешавад, ки дар моҳи шариф онҳо бо мошин оши палови барои ифтор пухтаи акаи Маҳмудро тақсим карда истодаанд. Наворбардор мегӯяд, ки онҳо ин оши ифторро нафақат ба мусалмонони рӯзадор, балки ба сокинони бумии шаҳраки Хор низ тақсим мекунанд.

Дар шаҳраки Хори ноҳияи Лазо, воқеъ дар канори дарёи Хор ва километри 73-юми шоҳроҳи Хабаровск – Владивосток тақрибан 9 ҳазор нафар, аз ҷумла 20 оилаи муҳоҷирони тоҷик, бо шумули 6 оилаи табибони аз Тоҷикистон ба инҷо кӯчбаста ба сар мебаранд.  Аз шаҳраки Хор то Хабаровск 73 километр, то Владивосток қариб 700 километр ва то Душанбе 8 ҳазор километр (!!!) роҳ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

7 Comments

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Муаллиф номи мавзӯъро ба шакли дигар менавиштӣ, беҳтар буд: идгардаки калонсолони тоҷик бо кӯдаконашон дар як гӯшаи дурдасти россия (2 видео+2 акс), чунки дар як акс “калон-кӯдакон”-ро мушоҳида кардем!

    1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

      Шутур дар хоб бинад пумбадона,
      Гаҳе мушт-мушт хӯрад, гаҳ дона-дона!
      Равобит бо россия на ҳасана аст, на ҳуссайна, равобит бо россия мисли равобити ғулому ғуломдор, золиму мазлум, ишғолгару ишғолшуда, зӯру заъиф ва ғайра…

      1. Мухтарам Академики даруни нохунак ! Мо хам мисли Шумо Русияро бад медидем.Аммо вакте “Биру чилу” гуфтани иронихоро шунидам.ва дар арабистон бо тахкир кор фармудани коргарро дидам.Дар Куриёи Чануби “пал пали”яъне тез тез гуфта кор фармудани кордехонро дидаму ба оилахо точик маьоши 100 хазора хонаи бепул ва пособияхои кудаконро хисоб кардам ШУКРИ ХУДОВАНДро мекунам ки точикон дар Россия холи хуб доранд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button