Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 САДАМАИ МАРГБОР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРАФАИ ИДИ ФИТР ВА ДАР РӮЗИ ИД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 22 апрели соли 2023 хабар дод, ки шом ва шаби 20 апрел ва субҳи 21 апрел, яъне дар арафаи иди саиди Фитр ва рӯзи ид дар 4 садама дар ноҳияҳои Темурмалик, Ҷайҳун, Ховалинг ва Фархор дар ҷануби Тоҷикистон 4 нафар ҷон бохтаанд.

Аз ин 4 садамаи маргбор 3 садамаи нақлиётӣ бо иштироки ронандагон аз ноҳияи Ховалинг рух дода, ду нафар аз қурбониёни садамаҳо сокинони ноҳияи Ховалинг ва дуи дигар аз ноҳияҳои Фархор ва Ҷайҳун будаанд.

Бино ба иттилои ВКД, аз ҷумла субҳи 20-уми апрели соли 2023, тахминан соати 07:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Сатторов Наврӯзҷон Абдуқаҳорович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, муқобили самти роҳ баромада, дар заминҳои кишт чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири “Опел” Сафаров Умедҷон Шамсиддинович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шоми 20-уми апрели соли 2023, тахминан соати 18:50, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-190”, Ғаниев Сулаймон Дилшодович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Истиқлол ба сӯи маркази ноҳия аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, мототсиклрон, Шеров Маҳмадулло Салоҳидинович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, мототсиклрон Шеров М.С ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин шаби 20-уми апрели соли 2023, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи “Ленд Крузер Прадо”, Раҳимов Ёқубҷон Абдулманонович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи Тутаки ноҳияи мазкур қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Хафей”, ки таҳти идораи Фазлиддини Фаттоҳ, соли таваллудаш 1994, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Хафей”, Фазлиддини Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, субҳи рӯзи ид, 21-уми апрели соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Филдер”, Савзаалиев Эҳсон Достонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Фархор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ҳайдаров Умедҷон, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳайдаров У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Олим ва ҷоҳил Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Роҳҳои харобу вайрон, кӯҳнаву фарсуда, бидуни аломатҳои роҳбаладӣ, суръати номуайяни ҳаракат дар роҳҳо, автомобилҳои шубҳанок, маърифати пасти рондани нақлиёт, хариду фурӯши ғайриқонунии ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ ё сархушӣ ронадани нақлиёт ва ғайра аз омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button