ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

БАРОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН? ТОҶИКИСТОН БО ХАРҶИ 92 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҲАВОПАЙМОИ ПРЕЗИДЕНТИ МЕКСИКАРО ХАРИДААСТ (ВИДЕО)

Мексика ҳавопаймои президентиашро, ки чанд сол боз дар фурӯш гузошта шуда буду аммо ҳеҷ харидор намеёфт, билохира бо нархи 92 миллион доллар ба Тоҷикистон фурӯхтааст. Фурӯши ин ҳавопаймо дар чорчӯби барномаи ба давлат ва мардум баргардондани молу мулки аз ҷониби ҳукуматҳои қаблии ин кишвари қораи Амрико ғоратшуда сурат гирифтааст.

Ба эҳтимоли ғолиб, акнун бо ин ҳавопаймо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парвоз хоҳад кард. Аммо ҳукумати Мексика нақша дорад, ки 92 миллион доллари аз фурӯши ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон бадастовардаашро барои сохтани ду бемористон даар минтақаҳои фақири ин кишвар сарф кунад. Ва он ҳам дар ҳоле, ки иқтисоди Мексика солона қариб 1,3 триллион доллар ва аз Тоҷикистон ҳамагӣ наздики 9 миллиард доллар аст, яъне 150 маротиба заифтар!

Андрес Мануэл Лопес Обрадор шахсан аз толори ин ҳавопаймои ба Тоҷикистон фурӯхташуда ба мардумаш изҳорот дод. Дар ин изҳорот, ки Обрадор рӯзи 20 апрели соли 2023 дар Твиттер нашр кард, ӯ аз ҷумла гуфт: “Ман ба мардуми Мексика хабар медиҳам, ки имрӯз қарордоди фурӯши ҳавопаймои президентӣ ба имзо расид. Ҳукумати Тоҷикистон тибқи нархномаи расмӣ ба суратҳисоби Институти баргардонидани молумулки аз мардум ғоратшуда 1 миллиарду 658 миллиону 684 ҳазору 400 песо интиқол дод. Ин пулҳо барои сохтани ду бемористон дар минтақаи Тлапеи аёлати Герреро ва минтақаи Тустепеке дар аёлати Оахака сарф мешаванд. Ин ду бемористон бояд то анҷоми давраи президентии ман сохта ва ба истифода дода шаванд”.

Обрадор, ки ӯро Робин Ҳуди Мексика ҳам меноманд, баъди расиданаш ба қудрат ниҳодеро бо номи Институти баргардонидани молумулки аз мардум ғоратшуда ташкил додааст, ки ҳадафаш ба давлат ва мардум баргардонидани молумулкест, ки мақомоти фасодзадаи ҳукуматҳои қаблӣ тасарруф кардаанд.

Наздики 1,7 миллиард песо, ки Мексика аз ҳисоби фурӯши ҳавопаймои президентиаш аз ҳукумати Тоҷикистон гирифт, тибқи қурби расмӣ, баробари 92 миллион доллари Амрикост.

Ҳавопаймои президентиро ҳукумати Мексика соли 2012, дар замони президентии Фелипе Калдероне фармоиш дода буд. Ин ҳавопаймо моҳи феврали соли 2016, вақте ки ба курсии президентии Мексика алакай Энрике Пеня Нето нишаста буд, оварда шуд. Коршиносон қимати ин ҳавопайморо аз 220 миллион то 400 миллион доллар рақам мезаданд.

Вале Андрес Мануэль Лопес Обрадор, ки соли 2018 ба мақоми президентӣ расид, усулан ягон дафъа аз ин ҳавопаймо истифода набурд ва чанд сол қабл онро ба фурӯш гузошт.

Аммо то кунун барои он харидоре ёфт нашуда буд. То даме ки мақомоти Тоҷикистон аз азми худ барои харидани он дарак доданд ва билохира ҳавопаймои президенти Мексикаро хариданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол хабари аз забони президенти Мексика садодода дар бораи ба Тоҷикистон ва бо нархи 92 миллион доллар фурӯхта шудани ҳавопаймои президентии ин кишварро шарҳ надодаанд. Вале бисёре аз расонаҳо тахмин мезананд, ки ин ҳавопайморо махсус барои анҷоми сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон харидаанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз поёни соли 1992, инак беш аз 30 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, то кунун сафарҳои худро тавассути ҳавопаймои махсуси ширкати “Сомон Эйр” анҷом медод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Бо $92 млн доллар қариб 5-ҳазор оилаи ҷавонро дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ метавон кард. Мудирияти Тоҷикистон ба дасти … афтодааст.

    1. Бародари азиз Сафсатасаро! Ба фикрам, ин роҳи ҳалли масъалаи манзили 5 ҳазор нафар нест ва барои ин роҳи дигар лозим аст. Қабл аз ҳама, иқтисодиёт ва дар навбати аввал. саноат ва он ҳам бошад, саноати коркарди маҳсулоти хоҷаги қишлоқро бояд равнақ дод. Тоҷиронеро бояд дастгирӣ кард,ки маҳз аз паи ин кор бошанд. Аммо Президенти як мамлакати соҳибистиқлол бояд тайёраи худро дошта бошад. Зеро ин як обруи ҳамон кишваре низ ҳаст, ки Президент аз он намояндагӣ мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button