ВидеоҲодисаҶомеа

ТАФСИЛОТИ МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ОИЛАВӢ ДАР БАЛҶУВОН, КИ БОИСИ МАРГИ ДУ НАФАР ШУД (ВИДЕО +18)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии ҳафтаномаи телевизионии “Ахбори ВКД”, ки шоми 19 апрели соли 2023 тавассути шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” ва ҳам дар Интернет нашр шуд, бархе тафсилоти муноқишаи хунини дар ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистонро, ки боиси марги фоҷиавии ду нафар: зану шавҳари собиқ гардид, нашр кард.

ВКД гуфт, хусумату бадбинӣ ва нофаҳмӣ дар оила ва бетарафии ҷомиа сабабгори чунин фоҷиаи маргбор дар деҳаи Шағмони ҷамоати ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон шудааст.

Бино ба гузориши полковник Офоқи Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон, дар рафти тафтиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Хоҷаев Абдулфайз, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъ, санаи 6 апрели соли 2023 ба деҳаи Шағмон, ба манзили ҳамсари собиқаш Шамъигули Неъматулло, соли таваллудаш 1997, омада, аз ӯ хостааст, ки ҳамроҳаш ба хонаашон баргарданд ва аз нав зиндагонии якҷояашонро давом диҳанд.

Аммо ҳамсари собиқаш ин пешниҳодро рад мекунад ва Хоҷаев Абдулфайз аз ин ҷавоби рад ба хашм омада, аз ҷайб кордро берун кашида, бо чанд зарбаи корд ба бадани зан Шамъигули Неъматуллоро зада, аз пой афтондааст.

Дар ҳамин ҳолат дар ҷойи ҳодиса ноболиғ Эмомалии Неъматулло, соли таваллудаш 2005, бародари Шамъигули Неъматулло, садои доду фарёдро шунида, ба ҷои ҳодиса меояд ва мебинад, ки апааш дар хун оғӯшта,  дар назди шавҳари собиқаш дар рӯи фарш афтодааст. Наврас аз дидани чунин ҳолат ба ғазаб омада, аз дасти язнаи собиқаш кордро кашида, гирифта, ба бадани Абдулфайз Хоҷаев чанд зарба мезанад ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Абдулфайз Хоҷаев  ва Шамъигули Неъматулло бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон яке дар бемористону дуюмӣ дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидаанд.

Худи Эмомалии Неъматулло дар ин гузориш мегӯяд: “Вақте аз говбонӣ омадам, Абдулфайз гуфт, ки апаамро бо корд хала задааст. Баъд ман кордро гирифтаму дар гарданаш задам ва боз 5 бор дар шикамаш…”

Офоқи Қодириён гуфт, нисбат ба ноболиғи 17-сола дар додситонии ноҳияи Балҷувон бар асоси моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале меъёри ҷазодиҳии ноболиғон дар Тоҷикистон аз калонсолон фарқ мекунад ва нисбатан сабуктар (ҳадди аксар 10 сол) аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button