ВидеоМуҳоҷирон

ОҒОЗИ МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 20 апрели соли 2023 ба баррасии парвандаи шаҳрванди 27-солаи Тоҷикикистон Хушнуд Ҳамроев, ки дар қатли бераҳмонаи як духтари 17-солаи мактабхон айбдор мешавад, оғоз кард. Хушнуд Ҳамроев, ки худро дар ҳамаҷо бо номи Роман муаррифӣ мекард, бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия ба куштор, бар асоси моддаи 119 ба дастикам 6 мавриди таҳдиди куштор ва бар асоси моддаи 117 ба азобу уқубат айбдор мешавад.

 Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Совет хабар дод, ки муҳокимаи ин парванда пушти дарҳои баста мегузарад: “Дар ҷаласаи нахустин ба айбдоршаванда айбнома эълон гардида, тартиби таҳқиқи далелҳо муайян карда шуд ва сипас ин мурофиаи пушти дарҳои баста барои даъвати ҷабрдида ба таъхир гузошта шуд.  Мурофиаи навбатӣ рӯзи 27 апрел доир мешавад”.

Дар хулосаи парванда гуфта мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ Ҳамроев Хушнудро ба он айбдор мекунанд, ки тайи муддати тӯлонӣ дар ҳудуди ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск, аз 3 октябри соли 2021 чандин бор ба ҷабрдида таҳдиди куштан карда, дар ҳолати мастӣ ӯро азобу уқубати ҷисмонӣ ва равонӣ медод. Шаби 26 ибли соли 2022, тақрибан соати 22:00, Хушнуд Ҳамроев дар ҳолати мастӣ дар заминаи хусумати шахсӣ нисбат ба ҷабрдида, дар ҷараёни муноқишаи байнашон, ҷабрдидаро, ки аз ӯ мегурехт, таъқиб кардааст ва ӯро ба замин афтонда, қасдан ба аъзои ҳаётан муҳими бадани ӯ на камтар аз 17 зарбаи корд задааст. Дар натиҷаи ин амалҳои қасдонаи Ҳамроев ва талаф додани хуни зиёд, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Додгоҳи ноҳияи Совет қаблан замони ҳабси Хушнуд Ҳамроевро то 13 сентябр тамдид карда буд.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, Хушнуд ё Роман Ҳамроев рӯзи 27 июли соли 2022 дар шаҳри Новосибирски Русия бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Лаҳзаи ин кушторро, ки шаби 26 июли соли 2022 дар кӯчаи Лесосечная дар маҳаллаи Нижняя Елтсовкаи ноҳияи Совет, дар канораҳои ҷанубии Новосибирск, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз Бердск рӯй дод, як ронандае, ки он шаб тасодуфан дар онҷо буд, тавонистааст бо видеорегистратори мошинаш сабт кунад.

Ин ронанда ва ҳам ронандаи як таксии дигари раҳгузар, ки шоҳиди бераҳмона маъшуқаашро куштани Ҳамроев шуданд, аз тарс натавонистаанд, ки ба кумаки ҷабрдида биоянд. Дар сабт дида мешуд, ки ҷавон бо зарбаи корд духтарро дар рӯи роҳ ба замин меафтонад  ва баъди афтиданаш низ ба бадани ӯ бо корд зарба задан мегирад. Баъди тамом кардани кори духтар, он ҷавон тавассути ҷангал фирор мекунад.Баъди рафтани ӯ он ду ронандаи шоҳид ба пеши духтар мешитобанд, вале ӯ алакай ҷон дода буд.

Шахсияти гумонбаршавандаро пулис бар асоси сабти видеорегистратори мошини роҳгузар, ки далели шайъии асосӣ дар ин парванда шуд, зуд муайян кард. Хушнуд (Роман) Ҳамроев соли 2019 низ барои латтукӯб ва таҳдиди куштани як дӯстдухтари қаблиаш ним сол дар СИЗО дар ҳабс буд.

Хушнуд (Роман) он шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори Хилокский расондааст ва аз ҳамватанони бозорнишинаш пурсидааст, ки оё чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор, ки акси Ҳамроевро алакай дар эълонҳои пулис дида буданд, аз девори каҷ ҳазар гуфта, дар бораи дар куҷо будани вай ба пулис хабар додаанд.

Роман Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори Хилокский ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард ва дар наздикии маҳалли куштор иҷора менишаст. Духтари кушташуда Анастасия Р. аз шаҳри Бердск буд ва дар яке аз мактабҳои ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск, дар наздикии маҳалли қатлаш таҳсил мекард. 

Гуфта мешуд, ки Роман Ҳамроев ба  Настя рашки беандоза дошт ва дар заминаи рашк ӯро куштааст. Канали Mash | Мэш бо истинод ба дугонаҳои Настя хабар дода буд, ки Роман гӯё Настяро доим мезад, вале ӯ аз тарси таҳдидҳои ин ҷавон аз вай ҷудо шуда наметавонист. Ҳамон шаб духтар билохира ба Роман аз қатъи муносибатҳояшон хабар медиҳад, ки ин боиси кушта шуданаш мешавад.

Модари духтар гуфта буд, ки онҳо ба пулис дар бораи таҳдидҳои Роман ба Настя ва ӯро заданаш шикоят карда буданд, вале пулис чорае надид ва ин хунукназарӣ дар ниҳоят ба куштор анҷомид. Ба зидди кормандони пулис низ бо иттиҳоми хунукназарӣ парванда кушода буданд, вале ахиран ин парвандаро бастанд.

Хушнуд Ҳамроев дар як ҷаласаи додгоҳӣ баъди боздошташ ба хабарнигорон гуфт, Анастасияи хеле дӯст медошт ва ӯро барои хиёнат куштааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, аз кори кардааш пушаймон аст.

Анастасия Р. моҳи майи соли 2022, ҳамагӣ ду моҳ пеш аз қатлаш ба синни 17 расида буд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button