ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ҶАШН ДАР ЧОРДЕВОРИ ЗИНДОН: ИЗЗАТ АМОН БА СИННИ 50 РАСИД

Ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон, ки баъди истирдодаш аз Русия дар соли 2021 дар Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, инак беш аз ду сол боз дар паси панҷара қарор дорад, рӯзи 20 апрели соли 2023 ба синни 50 расид. Аммо ин алакай сеюмин зодрӯзаш аст, ки Иззат Амон дар зиндон таҷлил мекунад.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (ҳоло марбут ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ дар баҳори соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Иззат Амон рӯзи 25 марти соли 2021, ҳамагӣ чанд рӯз баъди лағви шаҳрвандии русиаш, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш дар УБОП бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

19 октябри соли 2021 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе 6 июни соли 2022 дар як мурофиаи дигар Иззат Амонро боз ҳам дар қаллобӣ гунаҳкор шинохт ва ба ҳукми ӯ боз 6 соли дигар афзуд.

Иззат Амон дар маҳбаси воқеъ дар маҳаллаи “Якум Советский” адои ҳукм мекунад.

Мақомот ангезаҳои сиёсӣ дар парвандаи ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро рад мекунанд ва исрор меварзанд, ки Иззат Амонро барои фиреб додани муҳоҷирони тоҷик дар Русия маҳкум кардаанд.

Вале тарафдоронаш мегӯянд, ки Иззат Амон баракс аз ҳомиёни сарсахту пурҷасорати ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик буд. Онҳо парвандаҳои ба зидди ӯ кушодашуда ва 15 сол ҳукми зиндонашро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва ба мавқеи интиқодии ӯ нисбат ба сиёсатҳои ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бавижа дар масъалаи муҳоҷирон рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Олим ва ҷоҳил Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Таноқузоти сиёсати дохилию хориҷии кремл: Аввалан, аз ҳама зарари бештарро аз россия Украина дидаасту мебинад, чаро хатти украинӣ ҳанӯз ҳам кириллист?! Дуввум, забонҳои латӣ, литвонӣ, эстонӣ, арманӣ, гурҷӣ ва ғайра дар замони шӯравӣ ҳам бо хатту алифбои худ навишта мешуданд, на кириллӣ, чаро? Севвум, Туркманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон пурра ба хатти лотинӣ гузаштаанд, чаҳорум кремл бо нигоҳ доштани хатти кириллӣ дар Қирғизистон чиро мехоҳад собит кунад? Дар як соли охир 200-ҳазор муттахасиси барномасоз (айти-специалист) россияро тарк карданд, ки мусибаташ аз тарки хатти кириллӣ ҳазор маротиба бештар аст! Қурби рубли русӣ аз қурби хатти кириллӣ ҳазор маротиба пастар аст, дар ҳоле, ки қурби доллару еврои лотинӣ ба маротиб болотар аз рубли кирриллист!

  2. Олим ва ҷоҳил Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар раҳгузари бало нишинӣ,
    Гӯӣ, ки ризои Ҳақ чунин аст?!
    Тоҷикистону тоҷикистонӣ ҳазор соли охир зери султаи мустамликадорон қарор дошт, ин 32-соли истиқлоли давлатӣ ҳам маънои демократия ва озодиро надорад, мо дар марҳилаи эҳёи диктатураи нави миллӣ қарор дорем, навдавлатии мо бо навдавлатон шурӯъ шуд, раҳму шафқати диктатура зиндон ё сукут аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button