ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ДЕҲАИ НЕКНОТИ ПАНҶАКЕНТ ДУ ТИФЛ АЗ ИСТЕЪМОЛИ КОНСЕРВАИ ПОМИДОР ҶОН БОХТААНД

Дар деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакӣ дар канори шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон рӯзи 15 апрели соли 2023 ду кӯдаки 12 ва 9-сола аз як хонавода бар асари истеъмоли хӯриш ё салати консервашуда ба ҳалокат расида, модари онҳо бо як фарзанди дигар: духтари 13-солааш дар ҳолати вазнин дар бемористони шаҳри Панқакент бистарӣ карда шудаанд. Ин мусибати сахт дар рӯзи зодрӯзи яке аз тифлони ин хонавода рух додааст.

Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ зодагони Некноту ҷамоати Рӯдакии Панҷакент, аз ҷумла Сино Абуалӣ хабар доданд. Сино Абуалӣ марсияеро низ дар бораи ин ду тифли ғӯррамарг Хушнуд ва Шерафкан нашр кардааст, ки аз ҷумла чунин мисраъҳо дорад:

Модар аз марги шумоён бехабар,

Дар гиребонаш бувад дасти аҷал,

Хоҳари зебоятон беёд хоб,

Дар гумонаш як худаш бошад касал.

Хандаҳои беғашу поки шумо,

То абад монад ба барги ёдҳо.

Ин замон аз ҳавлии бобоятон

То ба гардун мерасад фарёдҳо...

Дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 20 апрели соли 2023  ба хабаргузории “Азия Плюс” хабари марги ду тифл дар Некноти Панҷакентро тасдиқ карда, гуфтаанд,  ҳодиса 15-уми апрел рух додааст ва 4 узви як оила баъди хӯрдани “консерва”-и помидор, ки бо сирко омода шуда буд, дар рӯзи зодрӯзе яке аз кӯдакон заҳролуд шудаанд.

“Сабаби заҳролудшавии хонавода бемории ботулизм аст. Яке аз кӯдакон дар роҳ ба сӯи беморхона ва дуввумӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Шарипова Роҳила, модари кӯдакон ҳамроҳи тифли дигараш дар шуъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати вазнин қарор доранд”, – гуфтаанд дар маркази матбуоти вазорати тандурустӣ.

Ин ягона ҳодисаи марги шаҳрвандон аз истеъмоли хӯришҳои дар шароити хона тайёршуда нест.

11 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз истеъмоли чунин консерваи худсохти иборат аз помидору боимҷон ва булғорӣ 8 узви як хонаводаи Каримовҳо заҳролуд шуда, ду нафари онҳо рхзи 23 ноябр дар бемористон фавтиданд, Гуфта мешуд, занҳои ин хонавода 30 қуттӣ чунин консерва омода карда буданд. 29 қуттии онро аҳли хонавода қаблан бидуни ягон мушкил истеъмол кардаанд, вале қуттии охирин боиси чунин мусибат дар ин оила шудааст.

Моҳи августи соли 2019 аз истеъмоли консерва дар деҳаи Пистамазор дар канори шаҳри Кӯлоб як зан бо се фарзандаш заҳролуд шуданд ва мутаассифона, як писару як духтари ӯ, ки 16 ва 19 сол доштанд, ҷон бохтанд. Соли 2017 дар ноҳияи Хуросон 6 узви як оила аз истеъмоли консерваи дастисохт заҳролуд шуда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button