ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ ЗОДАГОНИ ҚАФҚОЗ ВА ОСИЁИ МИЁНА ДАР МАСКАВ

Дар Маскав зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия бо гуруҳе аз зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои сабти номи қалбакӣ занозанӣ кардаанд.  Дар ин бора Телеграм-канали База хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, дар ҷараёнми занозание, ки дар назди ошхонаи “Вкусно и точка” (собиқ “MacDonalds”) дар кӯчаи Зеленодолская дар минтақаи Кузминки дар ҳавзаи ҷанубушарқии Маскав рух додааст, як шаҳрванди Ӯзбекистон бо зарбаи корд захмӣ шудааст.

Ҷараёни ҳодисаро База чунин тасвир кардааст: “Се нафар аз Ӯзбекистон бо дӯстонашон барои баррасии масъалаи ҳуҷҷати сабти ном ба инҷо омадаанд. Онҳо анде пеш ба одамони ношинос ҳуҷҷати сабти ном фармоиш дода, пул ҳам додаанд, вале сабти номашон қалбакӣ баромадааст. Аз ин рӯ, онҳо талаб кардаанд, ки пулашонро баргардонда диҳанд. Вале баҳси лафзӣ хеле зуд ба занозании гуруҳӣ ва кордзанӣ печид. Як шаҳрванди Ӯзбекистон аз шикамаш захми корд хӯрд ва дохили ҳоҷатхонаи ошхонаи “Вкусно и Точка” даромада, пинҳон шудааст. Табибон ӯро аз дохили ҳоҷатхона гирифтанд”, – хабар дод База.

Дар умум, ба иттилои ин нашрия, дар пайи ин занозанӣ 15 шаҳрванди Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистон ва ҳамчунин 5 зодаи Чеченистон, се нафар аз Доғистон ва як зодаи ҷумҳурии Кабардаву Балқарро ба пулис овардаанд.

 “Аз ҳама бештар дар ин моҷаро шаҳрвандони Ӯзбекистон осеб дидаанд: яке аз онҳо захми корд хӯрд,  нисбат ба ду нафари дигар бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиби вуруд ба Русия протокол тартиб додаанд”, – гуфта мешавад дар хабари База.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Аз ҷумла 18 марти соли 2023 года дар минтақаи Нижнии Мнёвники дар қисмати ғарбии шаҳри Маскав бо иштироки беш аз 50 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон занозании гуруҳӣ рух дод. Дар ин бора низ Телеграм-канали База хабар дода буд.

Бино ба иттилои ин нашрия, сабаби ин занозанӣ бо истифода аз арматураву болғаҳо ин будааст, ки коргарони сохтмони маҷтамаи биноҳои истиқоматии гаронбаҳои “Остров” (“Ҷазира”) натавонистанд …  вақти тановули хӯрокро байни худ тақсим кунанд. “База” менависад, ки коргарон аз Ӯзбекистон мехостанд якум шуда хӯрокашонро бихӯранд, вале коргарон аз Тоҷикистон бо ин розӣ набуданд ва мехостанд онҳо якум бошанд. Дар натиҷа, ду тараф ба ифоқа расида натавонистанд ва муҳоҷирон аз гиребони якдигар гирифтанд.

Дар натиҷаи ин занозании гуруҳӣ чанд нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шуданд. Пулис ба ҷои ҳодиса расида, даҳҳо тан аз иштирокчиёни занозаниро дастгир кард. Ба ин дастгиршудагон акнун нафақат хатари аз даст додани ҷои кор, балки ихроҷ аз Русия бо манъи бозгашт ба ин кишвар барои солҳои зиёд таҳдид мекунад.

Маҷтамаи биноҳои истиқоматии “Остров” як иншооти гаронбаҳо, ё ба қавли маъруф, бизнес-класс ба шумор меравад ва сохтмони онро ширкати бузурги “Донстрой” якҷо бо ширкати турқии “АНТ Япӣ Санайӣ ве тиҷарет Аноним Ширкети” бар дӯш доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button