ВидеоИқтисодҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ПАЁМАДҲОИ СЕЛ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз як деҳаи селзадаи ноҳияи Панҷ видеоҳо фиристода, хабар дод, ки сели шаби 4 апрели соли 2023 хонаҳову мағозаҳо ва заминҳои киштро дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷ зери об кард. Дар ин видео оқибатҳои сел дар деҳаи Пахтакор сабт шудааст.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 4 апрели соли 2023, соати 01:30, дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел омада, таҳхонаву ҳавлиҳои сокинон ва заминҳои киштро зери об кард. Хушбахтона, касе бар асари омадани сел осеб надидааст. Ноҳияи Панҷ дар ҷануби Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст.

Гуфта мешавад, комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ба хотири бехатарӣ 15 оиларо, ки хонаҳояшон дар селраҳа буд, ба ҷойҳои амн кӯчондааст.

Як гуруҳи корӣ таҳти раҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавулодда генерал-майор С.Исозода барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ноҳияи Панҷ рафтааст. Дар ноҳияи Панҷ ҳамчунин комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда таҳти раҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кор карда истодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, барои кумак ба зарардидагон ва рафъи ҳарчӣ зудтари оқибатҳои сел ба маҳаллҳои офатзада кумаку васоили лозим интиқол дода шуда, корҳои барқароркунӣ алакай шурӯъ шудаанд. Ҳаҷми зарарро комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ муайян мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан бо истинод ба ҳавошиносон ҳушдор дода буд, ки  то 7 апрел дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон эҳтимоли омадани селҳо хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button