ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

ТАҶОВУЗИ ДУХТАРОНИ НОБОЛИҒИ ЯТИМ АЗ СӮИ ДУ МАНСАБДОР ДАР ХОРАЗМ

Расонаҳои Ӯзбекистон чанд рӯзи ахир аз як ҳодисаи даҳшатнок ва дар айни замон мармузе, ки дар вилояти Хоразм рух додааст, менависанд. Бино ба гузоришҳои нашршуда, мудири як ятимхонаи оилавӣ духтарони ноболиғи бе касу кӯи муассисаи таҳти идораашро дар ивази гирифтани маблағ ва ҳаргуна ашёву маводи хӯрока, маҷбур мекардааст, то бо мансабдорони маҳаллӣ ва мардони педофил алоқаи ҷинсӣ кунанд.

Сомонаи Gazeta.uz дар як матлаби муфассал ин қазияро пайгирӣ намуда менависад, ки Юлдуз Худойбергенова, мудири ятимхонаи оилавӣ дар ноҳияи Янгиариқи вилояти Хоразм дар давоми 10 моҳ: аз моҳи майи соли 2021 то моҳи феврали соли 2022 се духтари ятими ноболиғи таҳти тарбияи худ: Азизаи 15-сола, Диляи 16-сола  ва Раънои 17-соларо (ба далелҳои ахлоқӣ номҳои аслии онҳо ба номҳои мустаъор тағйир дода шудааст), маҷбур намудааст дар муддати 10 моҳ пайваста бо мансабдорони маҳаллӣ аз ҷумла бо, сардори раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Янгиариқ Анвар Курязови 44-сола ва сардори шӯъбаи вазорати адлия дар вилояти Хоразм Ойбек Машарипови 39-сола алоқаи ҷинсӣ кунанд.

Бино ба гузоришҳои нашршуда, Юлдуз Худойбергенова дар аввали моҳи майи соли 2021 Азизаи 15-соларо маҷбур мекунад, то бо яке аз ошноҳояш алоқаи ҷинсӣ кунад. Вале Азиза барои ҳамхобагӣ бо ин марди солхӯрда, ки аз дӯстони мудири ятимхона буд, розӣ намешавад. Барои шикастани рӯҳияи ин ноболиғ мудири ятимхона бародари хурдии Азизаро дар пеши чашми ҳамаи кӯдакони ятим бо сим мекӯбад ва то замони ба пешниҳодаш розӣ шудани Азиза шаллоқ заданро бас намекунад. Ҳамин тавр мудир рӯҳияи Азизаро шикаста, дар оянда борҳо ӯро бо ҳамхоба шудан бо мардҳои гуногун водор мекунад.

Дар моҳи апрели соли 2021 бошад сардори шӯъбаи вазорати адлия дар вилояти Хоразм Ойбек Машарипов, ки узви Комиссияи байниидоравии вилояти Хоразм оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон низ буд, ба мудири ятимхона як принтер дода, бар ивази он аз вай хостааст, то ягон духтареро аз зердастонаш барои қонеъ кардани нафси шаҳвониаш дар ихтиёри ин мансабдор бигузорад.

Мудири ятимхона ин дафъа ба Раънои 17-сола фармон медиҳад то бо Машарипов алоқаи ҷинсӣ кунад. Раъно низ аз фармони мудир сарпечӣ мекунад. Дар ҷавоб мудири ятимхона ба Раъно хӯрок намедиҳад ва аз дигарон ӯро ҷудогона нигоҳ медорад. Ҳатто иҷозаи ба берун баромаданро низ намедиҳад. Дар охир мудир, ятими ноболиғро муттаҳам мекунад, ки Машарипов барои ӯ ба маблағи 250 ҳазор сӯми узбекӣ (баробар ба 235 сомонӣ) попӯши варзишӣ харидааст ва ӯ бояд бо ин мард ҳамхоба шавад. Пас аз фишорҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии тӯлонӣ, мудир Раъноро ба хонае, ки барои кормандони вазорати адлия ҳамчун хонаи хидматӣ аз тарафи давлат ҷудо карда шудааст, ҳозир намуда, шароит фароҳам меоварад, то мансабдори давлатӣ бо Раъно алоқаи ҷинсӣ кунад. Дар охир Машарипов бо Раъно алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ мегардонад.

Вале бо гузаштани 1 моҳ ин корманди вазорати адлия дигарбора аз мудири ятимхона талаб мекунад, то барои ӯ духтареро ба ҳамон хонаи хидматии кормандони вазорати адлия бифиристад. Ин дафъа мудир Азизаи 15-соларо ба мефиристад. Ва дафъаи дигар Диляи 16-соларо. Ҳамин тавр ин ҳодиса дар давоми 10 моҳ борҳо такрор мешавад. Ин хонаи хидматии кормандони вазорати адлия ба як макони айшу нӯши Машарипов табдил меёбад ва борҳо дар онҷо духтарони ятиму ноболиғро дастзӯрӣ мекунад.

Ҳамзамон ин мақомдори вазорати адлия, ба мудири ятимхона “кумакҳо” низ намуда, баъзан барои ятимон шириниҳо оварда, дар дохили ятимхона ҳам борҳо бо духтарони ноболиғи ятим алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Ҳамчунин ин мансабдор дар охирҳои моҳи июни соли 2021 ба мудири ятимхона 200 ҳазор сӯми узбекӣ, баробари 185 сомонӣ дода, бо Раънои 17сола ҳамхоба шудааст. Баъдан низ боз ба ятимхона оби газнок ва каме хӯрока оварда, дар дохили бинои ятимхона Азизаи 15-соларо таҷовуз мекунад.

Созмони хайриявии Nemolchi.uz дар натиҷаи пайгирии ин ҳодиса навиштааст,  “азбаски ноболиғон дар шароити вобастагӣ аз мудири ятимхона қарор доштанд, натавонистаанд ба ягон мақомоти дахлдор шикоят кунанд”.

Аз ҳама ҷои ноумедкунандаи ин ҳодиса он аст, ки бо вуҷуди хабардор шудани мақомоти дахлдор аз ин қазия ва кушодани парвандаи ҷиноӣ, дар моҳи сентябри соли 2022 додраси додгоҳи ноҳияи Хива Дилмурод Атамуратов  мудири ятимхонаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда, вале он ду  мансабдори давлатиро фақат ба 1 солу 6 моҳ ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст. Аз рӯи ҳукми суд, ин ду мансабдор аз соати 10 шаб то 6 субҳ набояд макони зисти худро  тарк кунанд.

Блогери ӯзбек Ислом Капарзо  навиштааст: Бе ин ҳам онҳо шаб дар хонаи худ хоб мекунанд. Куҷо бояд ҳам бираванд дар ин бевақтии шаб? Ҳаёти духтарони 15,16 ва 17-соларо сӯхтаанд. Ба ҷои он ки дар зиндон бошанд, онҳо дар хонаҳои худ хоб…”

Бино ба иттилои масъули Телеграм-канали Context.uz Ирина Матвиенко, мудири ятимхона ин духтарони ятими ноболиғро бо мардҳои зиёде маҷбур ба ҳамхобагӣ кардааст. Аз ҷумла се мард бо номҳои Файзуллоев Ш, Кенҷаев Б ва Абдукаримов О. низ борҳо бо духтарони ятим алоқаи ҷинсӣ кардаанд, вале онҳо дар рафти мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси шоҳид иштирок намуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд.

Бино ба гуфтаи ин мардҳоЮ духтарони ятиму ноболиғ бо хости худ ба онҳо алоқаи ҷинсӣ кардаанд ва онҳоро касе маҷбур ба ин кор накардааст.

Дар моҳи декабри соли 2022 додгоҳи апеллятсионии Ӯзбекистон низ ин парвандаро баррасӣ карда,  қарори додгоҳи зинаи поёниро бетағйир гузоштааст.

Нашрияи Nova24.uz низ навиштааст, ки ин танҳо қуллаи айсберг аст. Дар Хоразм шабакаи педофилҳо фаъолият мекунанд, ки аксарияти онҳо мансабдорони баландпояи давлатӣ ҳастанд ва пайваста аз сағирхонаҳо духтарони ноболиғи бе касу кӯро барои қонеъ кардани талаботи шаҳвонии худ истифода мекунанд.

Пас аз расонаӣ шудани ин қазия, духтари калонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Саида Мирзиёева ба он таваҷҷуҳ карда, ваъда додааст, ки “ҳақро ба ҳақдор” мерасонанд.

Бино ба гузоришҳо,  танҳо дар соли 2022 дар Узбекистон 469 мавриди таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғи то 16 сола ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз ҳукумати ин кишвар мехоҳад ҷазо ба ин гуна ҷиноятро сангинтар кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button