ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БАРОИ 100 СОЛ (!!!) ДЕПОРТАТСИЯ КАРДААНД

Мақомоти Русия шаҳрванди Тоҷикистон Алиҷон Раҳмононро ихроҷ карда, барои 100 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд!

Бар асоси ҳушдоре, ки Алиҷон Раҳмонов қабл аз ихроҷаш аз қаламрави Русия дар хатти марзи фурудгоҳи шаҳри Минералние Води дар минтақаи Қафқози шимолӣ имзо кардааст ва онро ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каримҷон Ёров нашр кард, ин муҳоҷири тоҷик аз санаи ихроҷаш, яъне 3 апрели соли 2023, то 3 апрели соли 2123 ҳақ надорад марзи Русияро убур кунад.

Каримҷон Ёров менависад, ки ин муҳоҷири тоҷикро танҳо барои он чунин ҷазо додаанд, ки санади сабти номи харидааш, ба бахти бади ӯ, дар базаи ВКД будааст.

Каримҷон Ёров мегӯяд, ин бори аввал аст, ки як муҳоҷири тоҷикро барои 100 сол аз Русия депортатсия мекунанд ва он ҳам барои як қонуншикании маъмурӣ, ки аз нигоҳи қонунгузории ҷиноятӣ, қонуншикании чандон ҷиддие ба шумор намеравад. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, дар гузашта мавридҳои барои 30, 40 ва ҳатто барои 99 сол ихроҷ шудани муҳоҷирони тоҷик аз Русияро шоҳид шуда буд, вале барои 100 сол рондани як муҳоҷирро бори аввал мешунавад.

Ба Алиҷон Раҳмонов дар фурудгоҳи  Минералние Води ҳамчунин фаҳмондаанд, ки агар то 3 апрели соли 2123 ба Русия баргаштанӣ шавад, бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия барои ин амалаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Қисми дуюми моддаи 322 барои убури марзи давлатии Русия аз тарафи шахсе, ки аз ҳаққи убури марзи ин кишвар маҳрум карда шудааст, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи то 300 ҳазор рубл, ё то 4 сол корҳои ислоҳӣ ваё 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

 Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button