ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ҲАЛЕВАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 2 апрели соли 2023, дар байни ҳамагӣ як соат дар ноҳияҳи Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтанд.

Аз ҷумла шоми 2-юми апрели соли 2023, тахминан соатҳои 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Баҳраков Раҳмоналӣ Тағоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили канали обгузар чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Баҳраков Р. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, шоми 2-юми апрели соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс-190”, Сулаймонзода Рустам Нурали, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Дӯстӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Отаҷонов Қурбонбой, соли таваллудаш 1951, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Қаблан журналист Одил Нозир  бо нашри як видео дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 1 апрели соли 2023,  дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар  наздикии деҳаи Кумарғи ноҳияи Айнӣ як мошин ҳамроҳ бо ронандаву мусофиронаш ба дарё сарозер шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон,  ҳамаи сарнишинони мошин бедарак шуданд ва наҷотдиҳандагон машғули кофтукови ҷасадҳо ва худи ҳастанд. Бино ба маълумоти тасдиқношуда, мошине, ки аз баландӣ ба умқи дара сарозер шуда, сипас дар дарё ғарқ шуд, тамғаи “Тойота Кемри” будааст.

Дар бораи шахсияти ронандаву мусофирони ин мошин ва чанд нафар будани қурбониёни ин садама ҳанӯз маълумоте дар даст нест.

Дар видеои Одил Нозир дида мешавад, ки ин мошин аз баландии ягон 100 метр чаппа шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button