ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ДУШАНБЕ: БО АЛМОС (ЛЕЗВИЕ) БА ТАГИ МАНАҲАШ ЗАД…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.04.2023

Расонидани зарари ҷисмонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

145

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми апрели соли 2023, тахминан соати 22:00, дар кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, ба рони пояш 2 маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми апрели соли 2023, тахминан соати 19:10-дақиқа, дар кӯчаи М.Мастонгулови пойтахт, марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо олоти бурандаи алмос (лезвие) ба таги манаҳаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди ғоратгар

154

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст.
Номбурда, 5-уми марти соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар бозори «Панҷшанбе», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ 2-3 маротиба ба рӯю бадани марди 44-солаи сокини ноҳияи Айнӣ зада, аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Гэлэкси А53», ки арзишаш 3 ҳазору 500 сомонӣ мебошад, ва 730 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди қаллоб

087

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, оғоз карда шуд.
Номбурда моҳи январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи «Лексус-350»-ро ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ савдо намуда, гирифта, 62 ҳазор сомониашро дода боқимонда 78 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button