ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ХОВАЛИНГ ЯК КӮДАКИ 10-СОЛА ҲАНГОМИ ЗАНБУРӮҒЧИНӢ ДАР ДАРЁ ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 апрели соли 2023, тахминан соати 11:30, як кӯдаки 10-солаи сокини деҳаи Питов-2-и ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ҳамроҳи як гурӯҳи дӯстонаш бо мақсади ҷамъоварии занбурӯғ ба кӯҳҳои атрофи дешаашон раҳсипор шудаанд. Аммо мутаассифона, ҳангоми гузаштан аз дарёи Питов пои ин кӯдак лағжид ва ӯ ба об афтода, ғарқ шуд.

Ҷасади кӯдаки ғӯррамаргро дар пақи ҷустуҷӯ тақрибан 50 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, аз об берун кашидаанд.

Кумитаи ҳолати фавқулодда гуфт, тайи рӯзҳои охир сокинонро чандин бор ҳушдор дода буд, ки дар ин рӯзҳои хатарноки пурбориш бахусус дар кӯҳистон чораҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва дар ин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии занбурӯғу гиёҳҳо ё ҳезум ваё барои шикору моҳигирӣ ваё сайругашт худдорӣ кунанд. Риоя накардани ин тавсияҳо ба чунин оқибатҳои нохуше, мисли марги ин кӯдак дар Ховалинг меорад, тазаккур додааст Кумита.

Ин ниҳод дар пайи марги ин кӯдак бори дигар аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳои пурбориш аз рафтан ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии занбурӯғу гиёҳҳо ё ҳезум ваё барои шикору моҳигирӣ ваё сайругашт худдорӣ кунанд.

“Ба ин ҳушдорҳо ва тавсияҳои мақомоти зидахл хунукназарӣ накунед! Тамоми қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунед! Бехатарии ҳаёти шумо дар дасти худи Шумост!”  – гуфта мешавад дар ҳушдори Кумитаи ҳолати фавқулодда.

Ёдовар мешавем, ин алакай дуюмин мавриди бар асари ҳодисаҳои нохуш дар кӯҳҳо ҳалок шудани кӯдакон дар минтақаи Кӯлоб дар чанд рӯзи охир аст. Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 31 март як кӯдаки ҳафтсола аз деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод, ки барои бародари подабонаш ба кӯҳ хӯрок мебурд, дар ними роҳ зери сел монда, ҳалок шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button